Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муҳосиби Беморхонаи Варзоб бо гумони тасарруфи зиёда аз як миллион сомонӣ дастгир шуд
Тавре ки маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, муҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб Сиддиқов Б.Б. давоми солҳои 2022-2025 бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш меъёри музди маоши моҳонаи кормандони беморхона ва дигар пардохтҳоро дар маълумотномаҳои ба раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Варзоб пешниҳодшуда барзиёд нишон дода, баъдан дар асоси супоришномаҳои пулгузаронии қалбакӣ давра ба давра 1 147 744 сомониро ба суратҳисоби корти бонкии худ гузаронида, ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.
Мабаъ меафзояд, ки номбурда инчунин, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ба боварии сармуҳосибони як қатор муассисаҳои давлатии дар ҳудуди ноҳияи Варзоб фаъолияткунанда даромада, давоми солҳои 2022-2025 бо роҳи нодуруст тартиб додани ҳисоботҳои муҳосибии онҳо 247 440 сомониро ба суратҳисоби бонкии худ гузаронида, тасарруф намудааст.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба Сиддиқов Б.Б. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б”, 323 ва 340 қисми 2 банди “а” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”