Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вилоятҳои Хатлону Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳорӣ хабар доданд
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, имрӯз, 1-уми апрел дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро шуд.
“Бори чаҳорум аст, ки вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тавонист нақшаи даъватро дар рӯзҳои аввал пурра иҷро намояд. Ин нишондиҳанда аз сатҳи баланди омодагии ҷавонон ва тақвияти корҳои тарбиявию ватандӯстӣ дар вилоят шаҳодат медиҳад”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ба муносибати Рӯзи даъватшаванда ва иҷро шудани пурраи нақшаи даъват дар шаҳри Бохтар роҳпаймоии ботантана ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Ҳамчунин, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ эълон кард, ки шаҳру ноҳияҳои он нақшаи даъват ба артишро дар рӯзи якум 100% иҷро кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории ҷавонон ба Артиши миллӣ 1-уми апрел то 31-уми май идома хоҳад ёфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”