Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бозии душвору мусовӣ. Тими миллии Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифт
Шоми гузашта дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар доираи даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахабҳои Тоҷикистон ва Филиппин рақобат карданд.
Бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид ва тими миллии Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифт. Аммо бояд гуфт, ки футболбозони тоҷик натавонистанд бозии беҳтарини худро нишон диҳанд, балки дар ҳама мавқеъҳо камбудиҳои назаррас ба чашм мерасид. Хусусан, дар 10 дақиқаи охир ҳамватанони мо танҳо дар ҳимоя нишастанд ва кӯшиш карданд, ки ҳариф гол назанад.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, 24 даста ба 6 гурӯҳ, ки ҳар кадом аз чор даста иборат буданд, рақобат карданд ва танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.
Гуфта мешавад, ки Ҷоми Осиё-2027 аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”