27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
31.03.2026 16:17

Сафари Зеленский ба Ховари Миёна: Украина тавофуқҳои амниятӣ имзо кард

Владимир Зеленский, президенти Украина эълом кардааст, ки сафараш ба кишварҳои Ховари Миёна муваффақ будааст ва чандин тавофуқ дар заминаи ҳамкориҳои амниятӣ ба даст омада ё дар ҳоли баррасӣ аст.

Рейтерз шаби душанбе, 30-уми март гузориш дода, ки Зеленский пас аз бозгашт ба Киев гуфтааст ин тавофуқҳо бо Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қатар ҳосил шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Украина ҳамчунон бо Урдун ва Кувайт дар ҳоли ҳамкорӣ аст ва Баҳрайн ва Умон низ алоқамандии худро барои ҳамкорӣ нишон додаанд.

Бар асоси гузориш, Зеленский дар ин сафар талош кардааст таҷрибаи Украина дар муқобила бо ҳамлаҳои тайёраҳои бидуни сарнишинро бо кишварҳои минтақа ошно созад.

Ӯ гуфтааст, ки Украина дар канори содироти системаҳои дифоӣ ва маҳоратҳои низомӣ, интизори ҳамкории мутақобил дар бахшҳои амниятӣ, дифои ҳавоӣ ва энержӣ аст.

Зеленский ҳамчунон таъкид кардааст, ки фурӯши силоҳ бояд дар сатҳи давлатҳо анҷом шавад ва ширкатҳо набояд ба гунаи мустақим вориди муомилот шаванд.

Гуфтанист, ки президенти Украина дар ҷараёни ин сафар дар бораи таъмини сӯзишвории дизел, ки барои бахшҳои дифоӣ ва кишоварзии ин кишвар ҳаётӣ аст, низ гуфтугӯ кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.