Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Пеш аз муҳлат. Шаҳри Бохтар нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро кард
Рӯзномаи «Хатлон» бо такя ба маълумоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар дод, ки нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон пеш аз муҳлат пурра иҷро гардидааст.
Манбаъ меафзояд, ки имрӯз, 31-уми март дар шаҳри Бохтар маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
“Дар маросими гусели наваскарон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулони комиссариати ҳарбӣ, фаъолони ҷомеа, падару модарон ва ҷавонон иштирок намуданд. Зимни суханронӣ масъулон таъкид карданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мактаби шуҷоат, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан буда, ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ҳифзи марзу буми кишвар ба хизмати ҳарбӣ равона мегарданд”, - омадааст дар иттилоия.
Бояд гуфт, ки ҳамасола моҳи апрел даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар доир мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”