Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Покистон ва Толибон пас аз оташбаси муваққат ба ҳамлаҳои сангин алайҳи якдигар пардохтанд
Покистон ва гурӯҳи террористии Толибон пас аз оташбаси муваққат ба муносибати рӯзҳои ид, ҳамлаҳои сангин алайҳи якдигарро аз сар гирифтаанд.
Рейтерз рӯзи душанбе, 30-уми март гузориш дода, ки Покистон рӯзи гузашта ҳамзамон бо мизбонии вазирони хориҷаи кишварҳои Туркия, Арабистони Саудӣ ва Миср, ба бахшҳое аз Афғонистон ҳамла кардааст.
Толибон рӯзи гузашта эълом карданд, ки ҳамлаҳои тӯпхонаии Покистон дар вилояти Кунар як кушта ва 16 захмӣ бар ҷо гузоштааст.
Ба гуфтаи гурӯҳи террористии Толибон, қурбониёни ин ҳамла бештар занон ва кӯдакон ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, Толибон ба вулусволии Боҷур дар иёлати Хайбарпахтунхоҳ ҳамла кардаанд.
Мақомоти амниятии Покистон гуфтаанд, ки кишварашон танҳо ба гулулаборони сангин аз тарафи Афғонистон посух дода ва ҳеч макони ғайринизомиро ҳадаф қарор надодааст.
Толибон пеш аз ин муддаӣ шуда буданд, ки ҳудуди 400 тан дар ҳамлаи Покистон ба маркази дармон дар Кобул кушта шудаанд, аммо Исломобод ин иддаоро рад кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”