Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Панҷ сол дурӣ аз мактаб: духтарони донишомӯзи Афғонистон нигарони ояндаи худ ҳастанд
Шуморе аз духтарони донишомӯзи Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар нигаронии худро аз номаълум мондани сарнавишташон баён намуда, мегӯянд, дарс хондан ҳаққи инсонии онҳо аст ва бояд дари мактабҳо дубора ба рӯйи онҳо боз шавад.
Манобеъ рӯзи якшанбе, 29-уми март дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “8-субҳ”-и Афғонистон гуфтаанд, ҳеч гуна чашмандози рӯшане дар бораи бозгушоии дари марказҳои омӯзишӣ ба онҳо дода нашудааст.
Ба гуфтаи манобеъ, маҳрумияти тулонимуддат аз омӯзиш на танҳо ояндаи таҳсили духтаронро бо чолиш мувоҷеҳ кардааст, балки барномаҳо ва орзуҳои панҷ соли гузаштаи онҳо низ аз ҳам пошидааст.
Шуморе аз ин духтарон мегӯянд агар ин мамнуъиятҳо набуд, акнун бархе давраи мактабро тамом карда ва теъдоди дигар дар остонаи фароғат аз донишгоҳ қарор доштанд.
Донишомӯзони духтарони Афғонистон меафзоянд, ки дур мондан аз дарс паёмадҳои сангине бар вазъияти равонии онҳо гузоштааст.
Бисёре аз онҳо дар ин муддат бо афсурдагӣ, изтироб, эҳсоси беарзишӣ ва ноумедӣ аз оянда рӯ ба рӯ шудаанд ва мегӯянд набуди фурсати омӯзиш, зиндагии рӯзмарраи онҳоро низ таҳти таъсир қарор додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”