Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дидори чаҳорҷониба дар нишасти Исломобод: дипломатия танҳо роҳи поёни ҷанг аст
Муовини нахуствазир ва вазири корҳои хориҷаи Покистон дар поёни нишасти чаҳорҷонибаи вазирони корҳои хориҷаи Арабистони Саудӣ, Туркия, Миср ва Покистон дар баёнияе эълом кард, ки ширкаткунандагон дипломатия ва гуфтугӯро танҳо масири поёни ин буҳрон ва дастёбӣ ба сулҳи пойдор донистанд.
Дар бахше аз ин баёния омадааст: “Вазирони корҳои хориҷа бар зарурати ваҳдат барои оромии вазъият, коҳиши хатари ташдиди низомӣ ва эҷоди шароити лозим барои музокироти сохторёфта миёни тарафҳои даргир таъкид карданд.
Вазирони корҳои хориҷаи ин кишварҳо гуфтугӯ ва дипломатияро танҳо масири амалӣ барои пешгирӣ аз даргириҳо ва тарвиҷи сулҳ ва ҳамзистӣ дар минтақа донистанд.
“Мо бар асоси пойбандӣ ба усули Маншури Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии ҳамаи кишварҳо, таъкид кардем” – гуфт Муҳаммад Исҳоқ Дар, вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Покистон.
Нишасти чаҳорҷонибаи вазирони корҳои хориҷаи Арабистони Саудӣ, Туркия, Миср ва Покистон бо мақсади ба эътидол даровардани вазъияти сиёсӣ дар Ховари Миёна 29-уми март дар пойтахти Покистон баргузор гардида буд, аммо ҳанӯз аз ҷузъиёти мушаххаси он ҳарфе гуфта нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”