27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
28.03.2026 17:16

Ҳушдори раиси Ситоди кулли артиши Исроил дар бораи хатари фурӯпошӣ дар сурати идомаи ҷанг алайҳи Эрон

Як рӯзномаи арабӣ навишт: “Эял Замир, фармондеҳи артиши режими Исроил, нисбат ба хатари фурӯпошӣ дар сурати идомаи ҷанг алайҳи Эрон ҳушдор дод ва аз маъмуриятҳои давомдори артиш дар Лубнон, Эрон ва меҳварҳои дигар беш аз пеш изҳори нигаронӣ кард”.

Лилах Шуфал, хабарнигори бахши низомии рӯзномаи “Исроил ал-Явм”, дар ин бора гуфт: “Бо наздик шудан ба ҳафтаи чоруми ҷанг алайҳи Эрон ва дар шароите, ки артиш дар ҳоли густариши тасаллути худ бар ҷануби Лубнон аст ва ҳамзамон дар хатти зард дар Ғазза низ мустақар шудааст ва ҳамзамон интизор меравад аз даҳҳо шаҳраки ҷадид дар Каронаи Бохтарӣ низ муҳофизат кунад, Замир дар нишасти сиёсӣ–амниятии ҳайати вазирон эълом кард, ки артиш ба сарбозони бештар ниёз дорад, дар ғайри ин сурат фурӯ хоҳад пошид”.

Шуфал дар гузорише дар ин хусус овардааст: “Замир дар нишасти мазкур ба дархостҳои вазирон оиди сохтани шаҳракҳои ҷадид дар Каронаи Бохтарӣ гӯш дод ва эълом кард: ман дар бораи ин дархостҳо хатҳои сурхе эълом мекунам, зеро артиш ба қонуни ҷадиди сарбозгирӣ, қонуни неруҳои захира ва қонуни тамдиди хидмати ҳатмӣ ниёз дорад”.

Гуфта мешавад, ки Замир дар суҳбатҳои худ аз теъдоди зиёди маъмуриятҳое, ки ба артиш вогузор шудааст, изҳори нигаронӣ кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.