27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
28.03.2026 17:04

Ихтилофи Вашингтон–Канберра бар сари ҷанги Эрон. Мақоми собиқи Амрико: равиши Австралия ҳушмандона аст

Доналд Трамп, президенти Амрико дар ҳоле аз Австралия дар мавзуи таҷовузи амрикоӣ-саҳюнистӣ ба хоки Эрон интиқод кардааст, ки бархе мақомҳои пешини Амрико, аз ҷумла мушовири воломақоми давлати Ҷо Байден, равиши Канберраро дар ин масир “ҳушмандона” арзёбӣ кардаанд.

Дар пайи авҷи танишҳо бар сари ҷанг алайҳи Эрон, Доналд Трамп, президенти Амрико бори дигар аз Австралия интиқод кард.

Президенти Амрико бо иддаои ин ки Канберра дар ҳимоят аз ҷанги Эрон “иқдоми олӣ накардааст”, афзуд: “Аз Австралия каме мутааҷҷиб шудам”.

Вай ҳамчунин, бо интиқод аз муттаҳидони Амрико, аз ҷумла аъзои НАТО, гуфта, ки ҳимояти кофӣ аз Иёлоти Муттаҳида сурат нагирифта ва танҳо “5 кишвари Ховари Миёна” ҳамроҳӣ доштаанд.

Дар муқобил, Курт Кэмпбелл, мушовири пешини давлати Ҷо Байден дар умури Ҳинд-Уқёнуси Ором, равиши Австралияро “моҳирона” тавсиф кард. Вай гуфт, ки Канберра бо ироаи ҳимоят ба кишварҳои Халиҷи Форс, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Араб, аз тариқи эъзоми як ҳавопаймои назоратии “E-7 Wedgetail” ва мушакҳои миёнбурд, тавониста ҳимояти бидуни вуруди мустақим ба ҷанг ироа кунад.

Кэмпбелл пешбинӣ кард, ки кишварҳои дигар низ равиши монандро ироа карда ва ба кишварҳое монанди Кувайт, Иморот, Қатар ва Арабистони Саудӣ кумак кунанд, бидуни он ки ба таври мустақим вориди ҷанг шаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.