Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Агентии байналмилалии энергияи атомӣ: Эрон аз ҳамлаи дигар ба минтақаи неругоҳи Бушеҳр хабар дод
Агентии байналмилалии энергияи атомӣ субҳи шанбе эълом кард, ки Эрон ин ниҳодро аз як ҳамлаи тоза ба минтақаи неругоҳи барқи ҳастаии Бушеҳр иттилоъ додааст.
Агентӣ дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Икс” чунин афзуд: “Ин сеюмин ҳодисаи ҳамла дар 10 рӯзи гузашта аст”.
Агентӣ навиштааст, Эрон иттилоъ додааст, ки ҳеч осебе ба реактори дар ҳоли фаъолияти неругоҳ ворид нашудааст ва вазъияти он одӣ аст.
Ҳамчунин, Рафаэл Гроссӣ, мудири кулли Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, дар бораи “гузоришҳои ахир дар бораи фаъолияти низомӣ дар сарҳадоти ин неругоҳи барқи ҳастаӣ” изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки агар реактор осеб бибинад, метавонад муҷиби ҳодисаи радиологики бузурге шавад.
Гроссӣ бидуни маҳкум кардани ин иқдоми ғайриқонунӣ ва таҷовузкорона, бар дархости худ барои худдории ҳаддиаксари низомӣ ба манзури пешгирӣ аз хатари ҳодисаи ҳастаӣ таъкид кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”