Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бозгашти 160 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ аз Покистон. ЮНИСЕФ аз ташдиди буҳрони инсонӣ ҳушдор дод
Сандуқи ҳимояти кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эълом кардааст, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, беш аз 160 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ аз Покистон ба Афғонистон бозгаштаанд.
Ин ниҳод рӯзи ҷумъа, 27-уми март дар гузорише гуфтааст, ки Покистон дар ҳоли ҳозир мизбони ҳудуди 1,92 миллион шаҳрванди Афғонистон, шомили афроди дорои шиноснома ва бидуни шиноснома аст ва эҳтимол меравад шумори бештари онҳо ба Афғонистон бозгарданд.
Бар асоси гузориш, Афғонистон ҳамзамон бо афзоиши бозгашти муҳоҷирон, бо як буҳрони печидаи инсонӣ рӯбарӯ аст.
ЮНИСЕФ афзудааст, ки даргириҳои ахир миёни гурӯҳи террористии Толибон ва Покистон сабаби талафоти ғайринизомиён, тахриби зерсохтҳо ва оворагии густардаи мардум шудааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, танҳо дар фосилаи охири феврал то миёнаҳои март, 289 ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шудаанд, ки аз ин миён 76 тан ҷон бохта ва 213 тани дигар захмӣ шудаанд.
Беш аз нисфи қурбониёнро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд.
Дар идома омадааст, ки ҳудуди 115 ҳазор тан дар натиҷаи ин даргириҳо беҷо шудаанд, ҳарчанд раванди арзёбии ин омор ҳанӯз идома дорад.
ЮНИСЕФ ҳамчунин, ҳушдор додааст, ки эҳтимоли бозгашти густардаи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Эрон, таҳдиди ҷиддии дигаре барои вазъияти инсонӣ дар Афғонистон ба шумор меравад ва ин ниҳод барои мубориза бо чунин сенария, барномаи таъҷилӣ омода кардааст.
Бар асоси гузориш, дар соли 2026 ҳудуди 21,9 миллион тан дар Афғонистон ниёзманди кумакҳои башардӯстона ҳастанд, ки 11,6 миллион тани онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.
ЮНИСЕФ таъкид кардааст, ки барои посухгӯӣ ба ин вазъият, ба 949 миллион доллар маблағ ниёз дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”