Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боздошти ҷавоне, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Мақомоти интизомии пойтахт сокини шаҳри Душанберо ҳангоми ба ноболиғон фурӯхтани чилимҳои электронӣ дастгир кард.
Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, бо мақсади пешгирии паҳншавӣ ва фурӯши сигорҳои электронӣ ба ноболиғон мунтазам рейдҳо ва амалиётҳои санҷишӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиш шаҳрванд Шокирзода Зокир, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ба ноболиғон фурӯхтани чилимҳои электронӣ дастгир гардид.
Манбаъ меафзояд, ки зимни кофтуков аз номбурда дар маҷмуъ 73 адад чилими гуногуни электронӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба Шокирзода З. тибқи моддаи 463, иловаи 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”