Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ду духтари 15-сола гӯши ронандаи таксиро газида, телефонашро рабуданд
Дар пайи нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки лаҳзаи муноқиша ва рабудани телефони мобилии ронандаи таксие аз ҷониби ду духтар инъикос ёфтааст, кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар ноболиғон Нурмуродова О. ва Мусоева С., сокинони 15-солаи шаҳри Душанбе дастгир карданд.
Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурдагон 23-уми март нисбат ба Отаев Маҳмадёр, ронандаи воситаи нақлиёти мусофирбар дағалона муносибат намуда, як адад телефони мобилии ҷабрдидаро рабудаанд. Ҳамзамон, ронандаро мавриди латукӯб қарор дода, гӯши рости ӯро газида, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидаанд.
Гуфта мешавад, ки ташхис муайян кардааст, ки ноболиғон Нурмуродова О. ва Мусоева С. дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошта, воситаҳои нашъадори навъи «Метамфетамин», ба истилоҳ «Кристалл»-ро истеъмол кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”