Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ақибнишинии дубораи Трамп: “Ҳамла ба таъсисоти барқи Эронро 10 рӯз ақиб андохтам”
Доналд Трамп, президенти Амрико, ки ба назар мерасад аз оқибатҳои ҳамла ба зерсохтҳои Эрон огоҳ шудааст, бори дигар онро 10 рӯзи дигар ба ақиб андохт.
Ба гузориши расонаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп, президенти ин кишвар, ки қаблан низ аз таҳдиди 48-соатаи худ барои ҳамла ба таъсисоти барқи Эрон ақибнишинӣ карда ва гуфта буд, ки онро 5 рӯз ба таъхир андохтааст, ҳоло дар остонаи расидан ба поёни он 5 рӯз навиштааст: “Боз ҳам 10 рӯзи дигар ба таъхир андохтам!”
Трамп дар “Truth Social” иддао карда, ки ин тасмимро ба дархости давлати Эрон гирифтааст: иддаое, ки комилан бо дигар изҳороти аҷиби ӯ фарқ мекунад.
Ӯ ҳамчунин, муддаӣ шудааст: “Музокирот дар ҳоли анҷом аст ва сарфи назар аз изҳороти нодурусти расонаҳои ҷаъалӣ ва дигарон, раванди музокирот бисёр хуб пеш меравад”.
Пеш аз ин Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон таъкид карда буд, ки танҳо паёмҳое аз ҷониби бархе кишварҳои дӯст аз сӯи Амрико ирсол шудааст ва Эрон низ дар ҳамон қолаб посух додааст. Ироқчӣ таъкид кард, ки “радду бадал шудани паём ба маънои музокира нест”.
Ақибнишиниҳои Трамп пас аз он сурат гирифт, ки Теҳрон таҳдид кард дар сурати ҳар гуна ҳамла ба зерсохтҳои Эрон кулли минтақа дар хомӯшӣ фурӯ хоҳад рафт тамоми таъсисоти нафту газе, ки Амрико дар он саҳм дорад, ба хок яксон хоҳад шуд.
Аммо баъзе таҳлилгарон ақибнишинии Трампро ақибнишинии тактикӣ унвон мекунанд ва бар ин боваранд, ки ӯ дар нақшаи амали боз ҳам печидатар аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”