Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Фоиқ: “Толибон бар хилофи усули инсонӣ дарвозаҳои марказҳои омӯзиширо ба рӯи духтарон баста нигоҳ доштаанд”
Насираҳмад Фоиқ, сарпарасти Намояндагии доимии Афғонистон дар Созмони Милал, гуфтааст, ки гурӯҳи террористии Толибон бо бастани дарвозаҳои марказҳои омӯзишӣ бар рӯи духтарон, усули “инсонӣ ва исломӣ”-ро нақз кардаанд.
Фоиқ рӯзи ҷумъа, 27-уми март дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навишта, ки Толибон панҷ сол аст дарвозаҳои мактабҳо ва марказҳои таҳсилоти олиро ба рӯи духтарон ва занони Афғонистон баста нигоҳ доштаанд.
Ӯ афзуда, ки ин тасмим “бар хилофи усули инсонӣ, дастуроти исломӣ ва аҳкоми шариат” аст.
Фоиқ таъкид кардааст, ин тасмим аз сӯи гурӯҳе гирифта шудааст, ки худро “ҷӯяндагони илм мехонанд, аммо дар амал, ба бадномсозии дини ислом, душманӣ бо мардуми Афғонистон, тадовуми ҷаҳл ва торикӣ” ва буҳрони кунунии Афғонистон анҷомидааст.
Ӯ гуфта, ки ин равиш сабаби густариши фақр, коҳиши зарфияти илмии Афғонистон ва афзоиши вобастагии ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст.
Сарпарасти намояндагии Афғонистон дар Созмони Милал, ин тасмими Толибонро “хиёнати миллӣ ва ҷуброннопазир” хондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”