Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон ба устодони Донишгоҳи Кобул: “Агар то як моҳ риш нагузоред, аз кор барканор мешавед”
Расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки гурӯҳи террористии Толибон устодони Донишгоҳи Кобулро ба далели надоштани риши мувофиқи талаботи ин гурӯҳ ба ихроҷи дастаҷамъӣ таҳдид кардаанд.
Манобеъ рӯзи чаҳоршанбе, 18-уми март гуфтаанд, Толибон ба устодон ҳушдор додаанд, ки дар муддати як моҳ риши худро мувофиқи хости ин гурӯҳ тартиб диҳанд.
Ба гуфтаи манобеъ, Толибон ҳамчунин, устодонро таҳдид кардаанд, ки агар дар рӯзҳои ид мӯйи сар ва риши худро ба шакли кунунияшон тартиб диҳанд, аз кор барканор хоҳанд шуд.
Манобеъ гуфтаанд, ки дар сурати итоат накардан ба ин дастур, пас аз ид, ин устодон бо иттиҳоми “яғӣ ва боғӣ” ба идораи истихбороти Толибон супурда хоҳанд шуд.
Манобеъ таъкид мекунанд, ки ин дастур дар як маҳфили расмӣ эълон шуда ва борҳо ба устодон ҳушдор дода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”