Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Доналд Трамп: “Исроил дигар ба Порси Ҷанубӣ ҳеч ҳамлае намекунад”
Доналд Трамп, президенти Амрико пас аз он чи “дарси бузурги далермардони эронӣ” дар ҳамла ба бархе манофеи энергетикии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар минтақа хонда шудааст, мавқеи нав гирифтааст.
Бино ба гузориши хабаргузории “Тасним”, пас аз посухи сахти нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба таҷовузи низомии Исроил ба таъсисоти газии Порси Ҷанубӣ, Трамп эълом кард, ки дигар Исроил ба ин минтақа ҳамла нахоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико аз ҳамлаи Исроил ба Порси Ҷанубӣ огоҳ набуд.
Ин дар ҳолест, ки пештар расонаҳои амрикоӣ-исроилӣ эътироф карда буданд, ки ҳамлаи Исроил ба Порси Ҷанубӣ бо ҳамоҳангӣ ва огоҳии Амрико анҷом шудааст.
Неруҳои мусаллаҳи Эрон пас аз ин ҳамла, бо як посухи шадид ба таъсисоти нафтӣ ва газӣ дар минтақаи Халиҷи Форс, ки амрикоиҳо дар он саҳм доранд, таҳдиди қаблии худро амалӣ карданд.
Эрон дар ҷараёни посухи худ ба таъсисоти Рас Лаффан дар Қатар ҳамла кардааст. Ҳамчунин, бархе гузоришҳо аз ҳамла ба манофеи Амрико дар Арабистони Саудӣ ҳикоят доранд.
Эрон ҳамчунин, таъкид кардааст, ки ҳар гуна ҳамла ба зерсохторҳои худ бо ҳамлаи бузургтар ба зерсохторҳои душман ва ҳар гуна ҳамла ба таъсисоти нафтӣ, полоишгоҳӣ ва газии худ бо посухи сахттар дар ҳамин замина рӯбарӯ хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”