Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Кӯдаконро беназорат нагузоред”. Муроҷиати милитсияи пойтахт ба волидон
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо нашри як муроҷиат аз волидон хост, ки кӯдаконро дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон дуру дароз беназорат нагузоранд.
Манбаъ меафзояд, ки аз сабаби беназоратӣ ва камасъулиятии баъзе аз волидон дар рӯзҳои иду ҷашнҳо, махсусан Иди Рамазон ва Иди Қурбон, содиршавии садамаҳои нақлиётӣ, бедаракшавии кӯдакон ва дигар қонуншиканиҳо бо иштироки наврасон ба қайд гирифта мешаванд.
“Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, бо мақсади таъмини бехатарии кӯдакон ва пешгирии ҳодисаҳои нохӯш бо иштироки ноболиғон, аз волидони наврасон хоҳиш менамояд, ки дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон кӯдаконро дуру дароз беназорат нагузоранд. Аз беҳудагардӣ ва шабгардию оворагардии кӯдакон пешгирӣ намуда, онҳоро ба иҷрои амалҳои муфид сафарбар созанд”, - зикр мегардад дар муроҷиати милитсияи пойтахт.
Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки дар сурати аз ҷониби ноболиғон содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ, барои беэътиноӣ ва иҷро накардани уҳдадориҳои тарбиявӣ нисбат ба волидон ё шахсони онҳоро ивазкунанда тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”