27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
18.03.2026 10:39

Сартароше, ки муаллифи сенарияҳои филмҳои машҳуру серҷоиза шуд

Ба наздикӣ филми “Моҳӣ дар шаст”-ро дидем. Қаҳрамонҳо, ҳодисаҳо, хатти сужа ҷолибу диданӣ буд ва тасмим гирифтем, ки бо сенаристи филми мазкур Бахтиёр Каримов, ки ҳамчунин муаллифи дигар филмҳои машҳур низ ҳаст, суҳбат кунем.

Ба мо муяссар гардид, ки бо Бахтиёр Каримов доир ба пешаи сенариянависӣ ва бурду бохти ин соҳа гуфтугӯ кунем, ки инак, фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

- Суҳбатамонро аз филми “Моҳӣ дар шаст” оғоз мекунем. Дар филми мазкур мушкилоти гуногуни ҷомеа нишон дода шудааст ва яке аз онҳо қиморбозӣ аст. Бигӯед, ки ин ҷузъи сенария фикри сенарист буд ё коргардон?

- Дар солҳои мактабхонӣ, дар назди мактаби мо як бинои хурд буд, ки он ҷо донаи офтобпараст мефурӯхтанд. Дар ҳамон хона мардон қиморбозӣ мекарданд. Аз ҳамон вақт образи одамони ба бозиҳои бурду бохт додашуда хеле аҷиб буд. Чун табиӣ асту паёмади гуногун дорад, бо Муҳиддини Музаффар қарор додем, ки ин образро ҳатман дар филм ҷой медиҳем.

- Ҳамчунин, дар филми “Моҳӣ дар шаст” масъалаи муносибат ба модар аз ҷониби се кас баррасӣ мегардад ва тақдирҳои гуногун доранд. Ин фалсафаро чӣ гуна ҷой додед ва идея чӣ хел пайдо шуд?

- Медонед, ҳозир ҳама чизро дақиқ баён кардан душвор аст. Вақте ки мо бо Муҳиддин дар болои лоиҳаи нав кор мекунем, соатҳо суҳбат мекунем, образҳо ва ҳодисаҳои гуногунро аз таҷрибаи худ ё нақли шиносону хешовандон ба ёд меорем. Вақте Муҳиддин қиссаи воқеии кӯдакеро нақл кард, ки модараш ӯро фурӯхтааст ва барои ин ӯро ба зиндон маҳкум кардаанду кӯдакро ба интернат супурдаанд, ба қавле зуд ба ин мавзуъ часпидам. Ин мавзуъ хеле тезу тунд ва муҳим аст. Мо бо Муҳиддин вақте фаҳмидем, ки дар Тоҷикистон ин қадар ятимхонаҳо зиёданд ба даҳшат афтодем. Ин қадар кӯдакон аз меҳри модар маҳруманд. Ин мавзуъро бояд равшан мекардем. Умедворам, ба мо муяссар мешавад, ки диққати ҷомеаро ба ин мушкилот ҷалб кунем ва кӯдакон дар ятимхонаҳо камтар мешаванд.

- Метавонед дар мисоли як филм тавлиди сенарияро сода фаҳмонед? Масалан, сенарияи филми “Моҳӣ дар шаст” чӣ гуна ва дар чанд муддат омода гардид?

- Дар навиштани сенария формулаи муайяне вуҷуд надорад. Ин ҳамеша як қиссаи нав аст, кори нав аст ва роҳи нав аст. «Моҳӣ дар шаст» кори муштараки мо бо Муҳиддин Музаффар ва дастгирии Валерий Аҳадов мебошад. Пеш аз он ки бевосита ба навиштани сенария шуруъ кунем, мо соатҳои зиёд суҳбат кардем, андешаҳоро гуфтем. Мавзуъҳои тезу тунд ва муҳимеро ҷустуҷӯ мекардем, ки ба бинандагон наздик бошанд. Дар бораи қаҳрамонон ва образи онҳо кор кардем. Муҳиддин ба тамоми ятимхонаҳои Тоҷикистон сафар карда, бо кормандон ва тарбиятгирандагони онҳо суҳбат намуд. Тақдири кӯдаконе, ки дар ятимхонаҳо ҳастанд ба қалби инсон бетаъсир намоманад.

- Ба чанд филми Муҳиддин Музаффар сенария навиштаед ва ҳамаи он филмҳо тамошобини худро доранд. Ҳамкории шумо чӣ гуна оғоз шуд ва оё ҳоло болои лоиҳае кор карда истодаед?

- Чанд сол пеш Барзу Абдураззоқов ба ман тавсия дод, ки ба корҳои коргардони ҷавону ояндадор таваҷҷуҳ кунам ва ҳамин тавр, бо Муҳиддин шинос шудем. То ҳол дар феҳристи филмҳои муштараки мо ҳашт филм мавҷуд аст, ки бисёре аз онҳо дар фестивалҳои байналмилалӣ ҷоизаҳои гуногун ба даст овардаанд. Боиси хушнудист, ки кайҳо боз ротибаи эҷодии мо ба дӯстӣ табдил ёфтааст. Мо ҳамдигарро дар корҳои эҷодӣ хуб мефаҳмем ва такмил медиҳем. Ҳоло нақшаи лоиҳаҳои навро тарҳрезӣ карда истодаем, ки умедворам, бинандаи худро пайдо мекунанд.

- Мо бо чанд ҳунараманде, ки бо Муҳиддин Музаффар ҳамкорӣ кардаанд, суҳбат доштем ва гуфтанд, ки бисёр сахтгир аст. Оё дар масъалаи сенария нофаҳмӣ доштед ва умуман тағйир додани сенарияро аз ҷониби коргардон чӣ гуна қабул доред?

- Дар синамо барои натиҷа коргардон масъул аст ва тамоми масъулият бар дӯши ӯст. Дилхоҳ коргардон дидгоҳ ва дарки худро нисбат ба маҳсули ниҳоӣ дорад ва ин дуруст аст. Муҳиддин як сарсупурдаи касбаш аст. Ӯ худро пурра ба кор мебахшад ва аз гурӯҳи корӣ низ ҳаминро талаб мекунад. Миёни мо баҳсҳои ҷиддӣ набуданд ва тавре ки гуфтам дидгоҳҳои мо дар бисёр масъалаҳои эҷодӣ мувофиқ аст. Агар дар раванди кор баъзе ихтилофҳои эҷодӣ ба миён оянд, мо онҳоро дар ҷояш ҳал мекунем. Фикр мекунам, маҳз барои ҳамин мо солҳои зиёд аст, ки ҳамкорӣ мекунем.

- Шумо бо коргардонҳои маъруфи тоҷик Муҳаббат Сатторӣ, Носир Саидов, Муҳиддини Музафар ва дигарон ҳамкорӣ кардаед. Бигӯед, ки ин ҳамкориҳо чӣ тавр ба роҳ монда шудаанд?

- Албатта, бо коргардонҳои тоҷик ба мисли Носир Саидов, Муҳаббат Сатторӣ, Искандар Усмонов ва албатта, Муҳиддин Музаффар ҳамкорӣ кардаам. Ин ҳамкориҳо аз ҳам фарқкунандаанд. Баъзан коргардон бо сенарияи тайёре, ки ман ба ӯ пешниҳод мекунам, кор мекунад. Баъзан бошад, аз ҷониби коргардон барои сужа ё мавзӯи муайян фармоиш мегирам.

- Муроҷиати коргардонҳо барои навиштани сенария чӣ гуна аст? Яъне онҳо идея медиҳанду шумо танҳо сенария менависед ё танҳо мавзӯеро дар миён мегузоранд ва шумо аз идея то сенария омода мекунед?

- Бештари вақт бо коргардон дар ҳамкорӣ сенария омада мешавад. Ӯ мегӯяд, ки чӣ гуна маҳсулро ба даст овардан мехоҳад ва ман ба кор шуруъ мекунам. Дар ҷараёни кор мо сенарияро якҷоя такмил медиҳем.

- Дар муваффақияти ҳар филм саҳми сенарист низ ҳаст, вале  бисёр вақт фаромуш мешавад. Оё ин барои шумо аламовар нест?

- Ман аллакай ба ин одат кардаам, зеро як қисми кори сенариянавис аст. Хурсандӣ ва қаноатмандии ман ҳамчун сенарист замоне аст, ки филм ба мардум писанд меояд ва аз ягон ҷиҳат ба ҷомеа таъсир мерасонад. Ҳамчунин, вақте мебинам, ки самараи тахайюлам дар экрани калон ба шакли одамону ҳодисаҳо зинда шудааст, эҳсоси махсуси қаноатмандӣ мекунам.

- Тавре ки медонем, шумо пеш аз ба сенариянависӣ машғул шудан дар кошонаи ҳусн кор мекардед. Чӣ сабаб шуд, ки ба соҳаи тамоман нав - сенаристӣ шавқ пайдо кардед?

- Ман аз наврасиву ҷавонӣ ба эҷодкорӣ майлу рағбати зиёд доштам, аз ҷумла асбобҳои мусиқиро менавохтам, шеър менавиштам. Баъдтар ба наср гузаштам. Ду китоб «Даъват ба қатл» (детективӣ) ва драмаи иҷтимоии «Як ҷаҳон аз ману ту»-ро навиштам. Асари дуюмро драматурги машҳур Нур Табаров (равонашон шод бод) ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, дар асоси он коргардон Муҳаббат Сатторӣ (равонашон шод бод) силсилафилм ба навор гирифт. Дар солҳои душвори пас аз ҷанг дар кишвар имкон набуд, ки танҳо бо кори эҷодӣ зиндагиро пеш барӣ. Аз ин рӯ, барои пешбурди рӯзгор дар кошонаи ҳусн ба кор шуруъ кардам.

- Дар мусоҳибае гуфтед, ки сенаристӣ монанди духтурӣ аст, бояд ҳар рӯз чизе омӯзӣ. Кӣ дар ин самт устоди шумост ва оё ин касбро худомузӣ кардан мумкин аст?

- Мутаассифона, таҳсилоти махсуси соҳавӣ надорам ва умуман, ду таҳсилоти олии нотамом дорам. Дар оғози роҳи эҷодӣ, солҳои зиёд аз рӯи ҳисси ботинӣ ва дар асоси таҷрибаи нависандагон ва сенариянависони машҳур менавиштам. Сипас, ба ман муяссар шуд, ки бо коргардони маъруф Валерий Аҳадов шинос шавам. Маҳз ӯро ман устоди худ дар санъати сенариянависӣ меҳисобам, зеро аз эшон хеле зиёд омӯхтаам. То ҳол дар ҳар фурсати муносиб барои маслиҳат ба ӯ муроҷиат мекунам ва хушбахтона, ҳамеша дасти кумак дароз мекунанд. Аз ҷониби дигар, дар санъати сенариянависӣ худомӯзӣ хеле муфид аст ва ҳар раҳнаварди ин роҳ бояд ҳамеша аз навигариҳо ва ба қавле “тренд”-ҳо бохабар бошад.

- Оё метавонед дар як вақт чанд фармоиш бигиред ва яку якбора чанд филмро нависед?

- Не, ман ин хел кор карда наметавонам. Афзал медонам, ки дар болои як лоиҳа кор кунам, зеро тамоми фикру хаёламро ба як мавзуъ бахшидан мехоҳам.

- Ҳоло ба ҷуз сенаристӣ боз ба кадом корҳо машғул мешавед?

- Агар вақт ёбам, худро такмил медиҳам. Китоб мехонам, ба варзиш машғул мешавам. Сайругашт дар лаби баҳрро дӯст медорам.

- Филмҳои зиёд навиштаед, ба фикри худатон кадомаш беҳтарин аст?

- Ин саволи душвор аст. Ҳар як кор тақдири худ, таърихи худро дорад. Хурсандибахш аст, ки бо ҳар як лоиҳаи нав сифати корам низ беҳтар мешавад.

- Зеҳни сунъӣ ба кори сенарист таҳдид намекунад?

- Ҳанӯз он қадар не, балки фикр мекунам, дар ҳоли ҳозир зеҳни сунъӣ ёрирасон аст. Ақл ва эҳсоси инсониро бо чизе иваз кардан душвор аст.

- Солҳои зиёд аст, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунед, оё нияти баргаштан надоред?

- Вақт нишон медиҳад. Ман аз соли 2012 ин ҷониб дар Ватан нестам. Хеле мехоҳам дар ҷойҳои дӯстдоштаам сайр кунам. Умедворам, ки ин рӯз фаро мерасад.

- Оё барои филмҳои русӣ низ сенария менависед?

- Бале, менависам. Дар Русия аллакай чандин филм дар асоси сенарияҳои ман ба навор гирифта шудаанд. Мехоҳам дар ин ҷо ҳам худро тавассути касбам нишон диҳам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.