Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Иттиҳоди Аврупо ба додани қарзи 90 миллиард евро ба Украина мувофиқа кард
Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бар сари додани қарзи 90 миллиард евро ба Украина ба мувофиқа расидаанд ва мухолифати Маҷористонро дар ин замина пушти сар гузоштаанд.
Радиои миллии Белгия рӯзи сешанбе, 17-уми март ба нақл аз як манбаи дипломатӣ дар Брюссел гузориш додааст, ки ин мувофиқа ниҳоӣ шудааст ва барномае барои бознигарии он вуҷуд надорад.
Бар асоси гузориш Антониу Кошта, раиси Шурои Аврупо, аз Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон, хостааст ба тасмиме, ки дар нишасти моҳи декабр бо ҳузури мақомҳои ин кишвар гирифта шудааст, пойбанд бимонад.
Пештар Орбан ҳушдор дода буд, ки Украина наметавонад рӯйи ҳимояти Маҷористон аз тасмимҳои Иттиҳоди Аврупо ҳисоб кунад, магар ин ки интиқоли нафти Русия аз тариқи хатти лӯлаи “Дружба” аз сар гирифта шавад.
Ин қарз дар ҳоле ниҳоӣ мешавад, ки Украина дар пайи идомаи ҷанг бо Русия бо фишорҳои шадиди молӣ рӯ ба рӯ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”