27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
18.03.2026 07:52

Созмони Милал: Наздики панҷ миллион кӯдаки то 5-сола дар соли 2024 ҷон бохтанд

Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, ки 4,9 миллион кӯдак дар ҷаҳон дар соли 2024, пеш аз расидан ба синни панҷсолагӣ, ҷонҳои худро аз даст додаанд. Аз ин миён 2,3 миллион нафар навзодон будаанд.

Созмони Милал рӯзи сешанбе, 17-уми март бо нашри як гузориш гуфтааст, ки пешрафти ҷаҳонӣ дар коҳиши марги кӯдакон суст шудааст.

Ин созмон гуфтааст, ки бемориҳои сироятӣ, вараҷа (малярия), исҳол, илтиҳоби шуш (зотулрия) ва камғизоӣ аз сабабҳои асосии марги кӯдакони то панҷсола дар ҷаҳон мебошанд.

Созмони Милал афзудааст, ки марги навзодон тақрибан ними тамоми маргҳои кӯдакони то панҷсоларо ташкил медиҳад ва кӯдакон дар минтақаҳои даргирӣ ва кишварҳое монанди Чад, Ҷумҳурии Демократии Конго, Нигер ва Нигерия бештар дар хатари марг қарор доранд.

Кэтрин Рассел, мудири иҷроияи ЮНИСЕФ, гуфтааст: “Ҳеч кӯдаке набояд ба хотири бемориҳое, ки қобили пешгирӣ ҳастанд, ҷонашро аз даст диҳад. Аммо коҳиши буҷа ва дастрасии суст ба хадамоти тандурустӣ хатари марги кӯдаконро афзоиш додааст”.

Созмони Милал таъкид кардааст, ки сармоягузорӣ ба саломатии кӯдакон, ваксинатсия, барномаҳои ғизо ва нигоҳубини тахассусӣ ҳангоми таваллуд метавонад ҷони миллионҳо кӯдакро наҷот диҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.