Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Даргузашти рӯзноманигор ва нависандаи хушном Гулчеҳра Муҳаммадиева
Толиби Луқмон, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзноманигор ва нависандаи хушном Гулчеҳра Муҳаммадиева аз олам даргузашт.
Гуфта мешавад, ки Гулчеҳра Муҳаммадиева 69 сол дошт ва бештар барои кӯдакон менавишт. Китобҳои "Дунёи бачаҳо", "Сафинаи муҳаббат", "Чордадарон", "Бӯйи модар" ва ғайра чакидаи хомаи ӯ мебошанд.
Гулчеҳра Муҳаммадиева 27-уми майи соли 1957 дар шаҳраки Фархор ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгор оғоз карда, сипас дар мансабҳои котиби Кумитаи комсомол, Инструктори Кумитаи ҳизбӣ ва муовини раиси ноҳияи Фархор фаъолият намудааст. Муддате мудири Шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд.
Ӯ бо медали «Хизмати шоиста» (2001) сарфароз гашта, аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”