Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Милитсияи пойтахт ду ноболиғро аз волидон гирифта, ба мактаби махсус супурд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ду ноболиғро барои ба оворагардиву талбандагӣ машғул шудан аз тарбияи волидон гирифта, ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и шаҳри Душанбе супурд.
Тавре ки иттилоъ дода мешавад, борҳо аз ҷониби кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ду ноболиғи 12-солаи пойтахт барои машғул шудан ба оворагардӣ ва талбандагӣ ба шуъбаҳои милитсия дастрас гардида буданд. Инчунин, бо мақсади фаро гирифтани ноболиғон ба таҳсилу тарбия ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушду камоли онҳо волидонашон чанд маротиба огоҳонида шуда буданд, вале дар иҷрои уҳдадориҳои падару модарӣ саҳлангорӣ намуда, кӯдакони хурдсолро ба машғул шудан ба оворагардӣ ва талбандагӣ водор сохта, маблағҳои аз ин роҳ бадастовардаро ба манфиати шахсии худ истифода мебурдаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки бо Қарори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кӯдакон аз тарбияи падару модар гирифта шуда, ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и шаҳри Душанбе ҷойгир гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”