Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Финландия ҳам ба дархости Трамп дар бораи Тангаи Ҳурмуз “не” гуфт
Раиси ҷумҳури Финландия низ ба таври ошкор бо дархости Доналд Трамп барои фиристодани неруи баҳрӣ ба Халиҷи Форс мухолифат кард.
Ба гузориши расонаҳо кишварҳои ҷаҳон, бахусус муттаҳидон ва пайравони Амрико, яке пас аз дигаре ба дархости Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико барои фиристодани неру ба тангаи Ҳурмуз “не” мегӯянд.
Дар тозатарин изҳорот дар ин бора, раиси ҷумҳури Финландия низ ба таври ошкор бо дархости Трамп мухолифат кардааст.
Александр Стубб, раиси ҷумҳури Финландия, гуфтааст: “Ба назари ман, ҳоло нуктаи асосӣ ин аст, ки ба худи эътилоф ва иқдомоте, ки анҷом медиҳем, таваҷҷуҳ кунем. Мо як иттиҳоди дифоӣ ҳастем, яъне одатан ҳамлаҳои низомӣ анҷом намедиҳем”.
Ӯ ғайриқонунӣ будани ҷанги Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эронро далели асосии мухолифат бо дархости Трамп дар бораи Тангаи Ҳурмуз унвон карда, афзуд: “Мо 32 кишвар (аъзои НАТО) ҳастем. Албатта пас аз поёни Ҷанги сард баъзе миссияҳои ҳифзи сулҳ доштем, аммо онҳо ҳамеша бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва оинномаи Созмони Милали Муттаҳид тавҷеҳ мешуданд. Аз ин рӯ, вазъияти кунунӣ аз он шароит фарқ дорад”.
Раиси ҷумҳури Финландия ҳамчунин, бо ишора ба паёмадҳои ҳар гуна моҷароҷӯии эҳтимолӣ дар Тангаи Ҳурмуз гуфт: “Аз ҳамин сабаб, фикр мекунам ҳар иқдоме барои коҳиш додани таниш дар ин марҳила бисёр муфид хоҳад буд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”