Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Иддаои Толибон: 400 нафар дар пайи ҳамлаи ҳавоии Покистон ба дармонгоҳи нашъамандон дар Кобул кушта шуданд
Гурӯҳи террористии Толибон иддао кардаанд, ки 400 нафар дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Покистон ба дармонгоҳи табобати нашъамандон дар шаҳри Кобул кушта ва 250 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ҳамдуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи Толибон, рӯзи сешанбе, 17-уми март гуфтааст, ки Покистон маркази дармонии “2000 бистари Умед”-ро бомбаборон кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, бахшҳои асосии ин дармонгоҳ тахриб шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Атоуллоҳ Тарор, вазири иттилооти Покистон, иддао кардааст, ки ин кишвар анборҳои муҳимоти низомиро дар Кобул бомбаборон кардааст.
Ӯ ҳамчунин, иддао кардааст, ки Покистон чор пойгоҳи низомии “ҳимояткунанда аз Таҳрики Толибони Покистон”-ро дар вилояти Нангарҳор бомбаборон кардааст.
Гуфта мешавад, ки шаби гузашта, дар идомаи даргириҳо миёни Толибон ва Покистон, шаҳри Кобул шоҳиди инфиҷорҳои шадид ва садои тирпарронӣ будааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”