Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп НАТО-ро бо “ояндаи бисёр бад” таҳдид кард
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ҳушдор додааст, ки НАТО агар дар боз кардани Тангаи Ҳурмуз бо Амрико ҳамкорӣ накунад, бо “ояндаи бисёр бад” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Трамп рӯзи якшанбе, 15-уми март дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Файнэншл Таймз” гуфтааст, ки мумкин аст сафари худро ба Чин барои дидор бо Си Ҷинпин ба таъхир андозад, то пеш аз он мавқеи Бейҷинг дар бораи бозкушоии ин роҳи муҳимми баҳрӣ мушаххас шавад.
Ӯ афзудааст, ки: “Чин низ бояд кумак кунад, зеро 90 дарсади нафти худро аз ин танга дарёфт мекунад”.
Трамп таъкид кардааст, кишварҳое, ки аз Тангаи Ҳурмуз баҳра мебаранд, бояд дар таъмини амнияти он саҳм гиранд: “Одилона аст, касоне, ки аз ин танга баҳра мебаранд, кумак кунанд, то ҳеч ҳодисаи баде дар он рух надиҳад”.
Ҳамзамон, Скотт Бессант, вазири молияи Амрико ва Ҳе Лифэн, муовини нахуствазири Чин, музокироти дурӯзаи худро дар Париж ба поён расонданд, то мушкилоти тавофуқи тиҷоратии миёни ду кишвар ҳал шавад ва замина барои сафари Трамп ба Чин дар поёни моҳи март фароҳам гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”