Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Посухи манфии 7 кишвар ба тарҳи зиддиэронии Трамп
То кунун 7 кишвари дунё ба дархости Амрико барои пайвастан ба эътилофи низомӣ алайҳи Эрон мухолифат кардаанд.
Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Тасним”, баррасиҳо нишон медиҳад, ки то кунун 7 кишвар дархости Доналд Трампро барои ширкат дар иқдомоте ҷиҳати бозкушоии Тангаи Ҳурмуз рад кардаанд.
Чин ва Фаронса кишварҳое ҳастанд, ки дар посух ба дархости Доналд Трамп барои ташкили эътилофи алайҳи Эрон бар ҳаллу фасли дипломатии муноқишаҳо таъкид кардаанд.
Англия ва Ҷопон низ ба таври ошкор дархости Амрикоро рад кардаанд. Кореяи Ҷанубӣ ҳам гуфтааст, ки ин пешниҳодро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва бояд дар бораи он машваратҳои лозим анҷом диҳад.
Давлатҳои Олмон ва Италия ҳам имрӯз эълом кардаанд, ки қасди пайвастан ба эътилофи мавриди назари Трампро надоранд.
Таҳлилгарони масоили низомӣ мегӯянд, бисёре аз муттаҳидони Амрико бо равиши давлати кунунии ин кишвар дар баробари Эрон мухолиф ҳастанд, зеро ин ҷанг бо мувофиқати онҳо оғоз нашудааст.
Илова бар мулоҳизаҳои сиёсӣ, як мушкили амалии дигар ҳам барои ташкили чунин эътилоф вуҷуд дорад ва он ҳам ин аст, ки фиристодани киштиҳо ба минтақа вақти тӯлонӣ мехоҳад ва онро наметавон ба таври лаҳзаӣ ва бидуни барномарезии пешакӣ анҷом дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”