Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Барои пешгирии болоравии нархи маҳсулот”. Вохӯрии милитсияи пойтахт бо роҳбарони бозорҳо
Пешопеши таҷлили Иди Рамазон роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои калони савдои ҳудуди пойтахт вохӯрӣ кард.
Тавре ки хабар дода мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои нигоҳ доштани мувозинати нархи маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди бозорҳо ва марказҳои савдо, пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор, инчунин, насби камераҳои мушоҳидавӣ ва истифодаи самараноки онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар арафаи Иди Рамазон бо зиёд гардидани шумораи харидорон дар бозорҳо ва марказҳои савдо, масъулини иншооти савдо бояд ба таъмини тартибот, хизматрасонии босифат, пешгирии болоравии сунъии нархи маҳсулот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”