Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сафири Эрон дар Тоҷикистон: "Тамоми содироту воридот байни Тоҷикистон ва Эрон фаъол аст"
Имрӯз, 16-уми март дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аввалин нишасти матбуотии баъди таҷовузи ваҳшиёнаи Амрико-Исроил ба Эрон бо иштироки сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ва дигар кормандони Сафорат баргузор гардид. Дар ин нишаст намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар иштирок намуда, ба пурсишҳои худ дар бораи вазъияти минтақа, ҳолати Эрон дар замони ҷанг, хати сурхи Эрон барои поён додани ҷанг, таъкидҳо ба музокирот ва мавзеи Эрон, равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон ва ғайра посух гирифтанд.
Сафири Эрон дар оғози суҳбат ба Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик барои дастгирӣ ва ҳамдардие, ки дар рӯзҳои ахир нисбат ба мардуми Эрон нишон додаанд, изҳори сипос намуд.
Ба гуфтаи ӯ, аз оғози даргириҳо дар минтақа шаҳрвандони Тоҷикистон бо паёмҳои ҳамдардӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар канори мардуми Эрон буда ва ба онҳо руҳия додаанд: “Аз шуруи ин ҷанг тоҷикон дар канори эрониҳо истода ва бо паёмҳои ҳамдардӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ руҳияи мардуми моро хеле боло бурданд. Мо як миллат ҳастем ва дар ғаму шодии ҳамдигар дар канори ҳам қарор дорем”.
Эрон шуруъкунандаи ҷанг набуд
Сафир дар идомаи нишаст ба вазъи кунунии амниятӣ дар минтақа ишора карда, ин даргириҳоро “Ҷанги рамазонӣ” номид. Ӯ таъкид кард, ки Эрон ҳеч гоҳ оғозкунандаи ҷанг набуд, аммо ҳамеша ба ҳар гуна таҳдид дар ҳолати омодабош қарор дошт.
Алиризо Ҳақиқиён ҳамчунин, бо такрори ибораи “хиёнатҳои пайдарпайи дипломатӣ” Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро интиқод кард ва гуфт, ки ин кишвар борҳо ба қавонини байналмилалӣ ва равандҳои дипломатӣ беэътиноӣ нишон додааст: “Эрон шуруъкунандаи ҷанг набуд. Аммо ҳеч гоҳ фиреби Амрикоро нахӯрд. Мо ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доштем, зеро медонистем, ки Амрико ба дипломатия эътиқоди воқеӣ надорад”.
Ба гуфтаи ӯ, таъкиди пешакии мақомоти эронӣ, дар сурати ҳамла, ба ҷанги минтақаӣ табдил додани даргирӣ аз он дарак медод, ки Эрон ба дипломатияи Амрико боварие надошт.
Муносибатҳои иқтисодӣ идома доранд
Дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи таъсири вазъи сиёсӣ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар, сафир таъкид кард, ки робитаҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон бидуни мушкил идома доранд.
“Тамоми содироту воридот фаъол аст. Дар ин хусус мо ҳеч гуна нигаронӣ надорем”, - гуфт сафир.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории байни ду кишвар дар доираи созишномаҳои мавҷуда идома дошта, ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ талош мекунанд.
Таъкид ба амалҳои харобкоронаи Амрико-Исроил
Дар поёни нишасти матбуотӣ сафири Эрон бори дигар ба ҳамлаҳои ваҳшиёнаи Амрико ва режими саҳюнистӣ ишора кард ва гуфт, ки онҳо бо қатли 168 донишомӯзи дабиристони Миноб ва кушторҳои ғайринизомиён чеҳраи аслии худро бори дигар ба ҷаҳониён мисли ҷазираи Эйпштейн шиносонданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”