Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Созмони Милал: “Оворагони дохилӣ дар маҳаллаҳои ғайрирасмӣ дар Афғонистон бо хатари ҷиддии ҳуқуқӣ рӯ ба рӯянд”
Барномаи маскуни башари Созмони Милал дар Афғонистон мегӯяд, ки оворагони дохилӣ дар маҳаллаҳои ғайрирасмӣ бо хатарҳои ҷиддии ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар бахшҳои манзил ва замин рӯ ба рӯ ҳастанд.
Ин барнома рӯзи душанбе,16-уми март дар гузорише гуфтааст, ки маҳаллаҳои ғайрирасмӣ ба унвони маконҳои калидӣ барои оворагони дохилӣ зуҳур кардаанд.
Тибқи гузориш, буҳрони иқлимии Афғонистон ин чолишҳоро шиддат бахшида ва сокинони осебпазирро дар маърази сел, хушксолӣ ва бемориҳои вобаста қарор додааст.
Ин барнома афзудааст, ки занон ба таври номутаносиб таъсир мегиранд, зеро нақши онҳо дар корҳои хона ва нигоҳубини кӯдакон дар замони буҳронҳои иқлимӣ бештар мешавад.
Барномаи маскуни башар дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират лоиҳаеро барои пешбурди роҳҳалҳои пойдор аз соли 2023 оғоз кардааст.
Ин барнома таъкид кардааст, ки бозгашти муҳоҷирон ба шаш миллион овораи дохилӣ, ки дар натиҷаи ҷанг ҷойиваз шуда буданд, таъсир расондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”