Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Маълум шуд, ки дар «Tbilisi Grand Slam-2026» Тоҷикистонро киҳо намояндагӣ мекунанд
Аз 20-ум то 22-юми марти соли ҷорӣ дар пойтахти Гурҷистон мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2026» доир мешавад.
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур ҳафт ҷудокор, аз ҷумла Рамзиддин Азизов дар вазни то 60 кг, Ёсин Бобокалонов ва Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг, Сайфиддин Сайфиддинзода ва Абубакр Шеров дар вазни то 81 кг, Ардашери Ҳамза ва Озаррахш Ҳомидов дар вазни то 90 кг намояндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки то ҳол ба мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2026» 413 варзишгар (242 мард ва 171 зан) аз 55 давлат номнавис шудаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 154 ҳазор евро буда, ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1500 евро мегиранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”