Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Хавфи тармаву сел ва боришоти борону барф пешгӯӣ мешавад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мувофиқи маълумоти обуҳавошиносӣ аз 16-ум то 19-уми марти соли равон дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ хавфи сарзадани тармаву сел ва боришоти борону барф пешгӯӣ мегардад.
Манбаъ менависад, ки дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, махсусан дар мавзеъҳои Майхура ва Зидеҳи ноҳияи Варзоб, инчунин, дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани тарма нигоҳ дошта мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд эҳтимоли ба амал омадани сел пешгӯӣ мегардад.
Ҳамчунин, зикр мегардад, ки дар чор рӯзи оянда дар баъзе минтақаҳо борон ва барф низ пешгӯӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”