Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
10 рӯз истироҳат. Таътили баҳории хонандагон аз кай то кай аст?
Таътили баҳории хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар аз 20-ум то 29-уми март довом мекунад.
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, таътили баҳории хонандагон расман 5 рӯз, яъне аз 25-ум то 29-уми март буда, бо иловаи рӯзҳои расмии истироҳат дар ҷашни Наврӯз, ки ба 20-24 март рост меояд, хонандагон дар маҷмуъ 10 рӯз истироҳат мекунанд.
Дар ин росто, тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ низ аз 20-ум то 29-уми март истироҳат мекунанд, вале донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ бошанд, аз 20-ум то 25-уми март ба таътили баҳорӣ мебароянд.
“Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ ҷалб мешаванд”, - менависад манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”