27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
14.03.2026 13:37

Чаро UFC муҳорибаи ҳангомавии Махачев ва Топурияро ташкил накард?

Ду сол мешавад, ки сару садоҳо дар мавриди ташкили муҳорибаи Ислом Махачев ва Илия Топурия, ки ҳоло ҳар ду дар ду вазни чемпионанд, дар расонаҳои хабарӣ чарх мезанад.

Аксари коршиносон ба боваре буданд, ки ин муҳориба дар мусобиқаи UFC Кохи сафед ташкил мешавад, вале тавре шоҳид шудем, Илия Топурия бо Ҷастин Гейҷи рақобат мекунаду Ислом Махачев ҳоло расман рақиб надорад.

Бояд бигӯем, ки пас аз эълон шудани муҳорибаҳои UFC Кохи сафед, Илия Топурия дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки боз Ислом Махачев ба муҳориба розӣ нашуд. Сипас, Ислом Махачев суханҳои ӯро рад карда, пардапӯшона гуфт, ки “сабаби ташкил нашудани муҳориба ман нестам, балки нафси бади менеҷерат аст”.

Шоми гузашта, менеҷери Илия Топурия Малки Кава дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки “сабаби ташкил нашудани муҳорибаи мазкур он аст, ки ташкилоти UFC гонорари кам пешниҳод карданд ва розӣ нашудем”.

Ҳамчунин, мураббии Ислом Махачев Хавер Мендес низ дар мусоҳибае иброз дошт, ки “тими Илия Топурия муҳорибаро зидди Ислом Махачев барои кам будани гонорар напазируфтанд, вале боз варзишгари доғистониро айбдор мекунанд”.

Ҳамин тавр, ҳамааш маълум шуд. Яъне Ислом Махачев омода будааст, вале тими Илия Топурия муҳорибаро қабул накардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.