Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Намояндаи вижаи Чин бо мақомҳои Покистон дар бораи коҳиши танишҳо бо Толибон гуфтугӯ кард
Ю Сяоюнг, намояндаи вижаи Чин барои Афғонистон, бо Амина Балуч, муовини Вазири корҳои хориҷии Покистон ва Муҳаммад Содиқ, намояндаи вижаи Исломобод барои Афғонистон дар бораи коҳиши даргириҳои марзӣ бо гурӯҳи террористии Толибон гуфтугӯ кардааст.
Ю рӯзи шанбе, 14-уми март дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навиштааст, ки дар ин дидорҳо дар бораи аҳамияти ҷилавгирӣ аз ташдиди ҷанг, бозгашт ба музокирот ва тарвиҷи сулҳ гуфтугӯ шудааст.
Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки мубориза бо терроризм бахше аз гуфтугӯҳои онҳо будааст.
Ин гуфтугӯҳо дар ҳоле анҷом шудаанд, ки намояндаи вижаи Чин пештар бо Амирхон Мутаққӣ, вазири корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон дар бораи таваққуфи даргириҳо гуфтугӯ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин рӯзи гузашта дар суҳбат бо Мутаққӣ гуфтааст, ки Пекин омодаи миёнҷигарӣ барои поён додани даргириҳо миёни Толибон ва Покистон аст.
Даргирӣ миёни ду тараф беш аз 14 рӯз идома дошта ва Покистон шаби гузашта вилоятҳои Кобул, Қандаҳор, Пактиё ва Пактикоро ҳадаф қарор додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”