Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Файласуфи рус: Аз истодагии эрониён дар муқобили Амрико ва Исроил шигифтзада шудам
Александр Дугин, файласуф ва назарияпардози рус, дар гуфтугӯ бо расонаи “ИРНА”-и Эрон бо ишора ба муқовимат ва истодагии миллат ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари 13 рӯзи ҳамлаи низомии Амрико ва Исроил гуфтааст: “Аз тавоноии мардум ва давлати Эрон дар дифоъ аз ҳокимияти худ шигифтзада шудам”.
Ӯ ҳамчунин, дар ин гуфтугӯ таҷовузи низомии Амрико ва Исроилро маҳкум карда, ҳамдардии амиқи худро ба мардуми Эрон, ба хотири террори раҳбари динӣ, мардуми одӣ, кӯдакон, мақомҳои сиёсӣ, низомӣ ва илмӣ дар ин ҳамлаҳо баён кардааст.
“Қатли омми духтарони донишомӯзи мактаб дар Миноби Эрон дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, иқдоми комилан бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ҷинояти ҷангӣ буд, ки ҷуз аз тамаддуни “Эпштейн” бар намеомад.
Сарнавишти духтароне, ки дар мактабе дар шаҳри Миноб дар ҳамлаи низомӣ ҷон бохтанд, дили моро ба дард меорад ва сазовори шадидтарин маҳкумият аст.
Дар чунин шароит мафҳумҳои “нур ва торикӣ” ва “хайр ва шар” дигар танҳо истиора нестанд. Ҷанге, ки акнун оғоз шудааст ва метавонад ба осонӣ ба ҷанги ҷаҳонии сеюм табдил шавад, бояд ба таври равшан интихоб кард, ки дар кадом тараф истодаем, яъне мафҳуми бетарафӣ эҳтимолан давоми зиёде нахоҳад дошт” – афзуд Александр Дугин.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”