Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Иддаои Трамп: Эрон дар остонаи таслим шудан аст
“Аксиос” (Axios) гузориш додааст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тамоси телефонӣ бо раҳбарони Гурӯҳи ҳафт иддао кардааст, ки Эрон дар остонаи таслим шудан аст.
“Аксиос” рӯзи ҷумъа, 13-уми март гузориш додааст, ки Трамп ин иддаоро рӯзи чоршанбе дар тамос бо Гурӯҳи ҳафт матраҳ кардааст.
Бар асоси гузориш, ин иддао дар ҳоле матраҳ шудааст, ки воқеияти майдонии даргирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон печида аст ва Эрон ҳеч гуна нишонае аз таслим нишон надодааст.
Дар гузориш омадааст, ки 24 соат пас аз иддаои Трамп, Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари нави Эрон, бар идомаи ҷанг алайҳи Амрико таъкид кардааст.
Трамп дар ин гуфтугӯ гуфтааст: “Ман як саратонеро, ки ҳамаи моро таҳдид мекард, аз байн бурдам”.
Раҳбарони Гурӯҳи ҳафт нигаронии худро аз паёмадҳои ҷиддии иқтисодии ҷанг баён кардаанд.
Дар гузориш омадааст, ки ҳамаи дигар раҳбарон аз Трамп хостаанд, ки ҷангро ба зудӣ поён диҳад ва бар зарурати таъмини амнияти тангаи Ҳурмуз таъкид карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”