Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ёдбуди Отахон Латифӣ. И. Усмонов: “Латифӣ Ватанро нафурӯхтанд ва обруро нахариданд”
12-уми март дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуди 90-умин солрӯзи Отахон Латифӣ, рӯзноманигор ва нависандаи номдори тоҷик баргузор шуд. Дар маҳфил адибону донишмандон, рӯзноманигорон, пайвандон ва ҳамдиёрони ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ширкат доштанд. Ёдбуд ба ибтикори раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳамсари Отахон Латифӣ Манзура Яқубова ташкил шуд.
Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, муовини раиси Иттифоқи нависандагон, Латифиро “шоҳсутуни матбуоти тоҷик ва устураи рӯзноманигории миллӣ” номид. Ӯ ёдовар шуд, ки Отахон Латифӣ ҷасур, шуҷоъ ва фидокор буд ва дар даврони Шӯравӣ дар эҳёи ойинҳои бостонӣ саҳми намоён гузошт.
Баъдан мустанаде аз лаҳзаҳои хотирмон ва корномаи шахсӣ ва сиёсии Отахон Латифӣ низ ба намоиш гузошта шуд.
Донишманди тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов хотироти даврони музокироти сулҳи тоҷиконро, ки дар давраҳои музокароти сулҳи тоҷикон ба ҳайси раиси зеркомиссия фаъолона иштирок кардааст, ба ёд овард ва гуфт, ки Латифӣ дар Теҳрон (1996), Хусдеҳи Афғонистон (1996) ва Теҳрон (1997) зарурати сабти таърих ва таҳияи санадҳои музокиротро пайваста таъкид мекард.
Гулрухсори Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон гуфт, ки Латифиро то ҳанӯз ба қадри кофӣ ёд накардаем ва ӯ аз нақши Латифӣ дар овардани ғижжакнавоз ва нобиғаи мусиқӣ Мирзоқурбон Солиев аз Исфара ба Душанбе ёдовар шуд.
Бахтиёр Муртазоев ёдовар шуд, ки мақолаи “Бадахшон бидуни афсона” (аз сафари ӯ ба Кӯли Сарез) Латифиро ҳамчун хабарнигори бонуфуз муаррифӣ кард.
Башир Азизӣ, донишманди аҳли Афғонистон, нақши Латифиро дар ҳалли мушкили таҳсилу зисти 150 донишҷӯи афғонистонӣ дар Душанбе ёдовар шуд.
Донишманди тоҷик, профессор Абдунабӣ Сатторзода аз хотироти даврони музокироти сулҳу тоҷикон аз нақши Отахон Латифӣ ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ки бузургии Отахон Латифиро ҳатто шахсиятҳое ба монанди Ҷингиз Айтматов, сиёсатмадорон Е. Примаков ва Аскар Акаев ва дигарон борҳо таъкид кардаанд.
Ҳамчунин, профессор М. Муродӣ ва профессор Аслиддин Низомов саҳми Отахон Латифиро дар матбуоти миллӣ, таҳрир ва тадвини санадҳои музокироти сулҳ ва рушди мусиқии суннатӣ ситоиш карданд.
Дар поёни маҳфил пайвандон ва ҳамсари Отахон Латифӣ ба раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аҳли нишаст барои гиромидошти хотираи Отахон Латифӣ ташаккур баён карданд.
Дар зер матни маърузаи устод Иброҳим Усмонов дар маҳфили ёдбуди журналисти шинохтаи тоҷик Отахон Латифиро барои мутолиа пурра меорем:
“Бузургонро бузургон зинда медоранд. Аҳли адаб, аҳли эҷод бузургонанд. Бузургӣ на танҳо дар эҷоди онҳо зоҳир мешавад, балки дар он ҳам маълум мегардад, ки аз ҳамдигар, аз кору зиндагии якдигар ба некӣ ёд карда метавонанд, ба қадри меҳнати ҳамдигар мерасанд, кори неки андаки дигаронро пурраву пурҷило мебинанд. Ман гумон мекунам, ки ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - бо баҳона ё сабабе ёди ҳамқаламу ҳамқадамони гузашта ва ё имрӯзро мекунанд, нишонае аз ҳамин бузургӣ аст. Онҳое, ки ёд мешаванд аз хотири пайвандони худ намераванд. Аммо ҳадафи мо аз ёди ҷомеа ёди шиносу ношиносҳои нав аст. Агар ҳамин ёд намебуд, хотираи иҷтимоӣ намешуд, гузашта бо ҳамзамононаш ба охир мерасид, фарқи некиву бадӣ аз байн мерафт, зеро барои шинохти он мисоле намемонд. Пас, ёд барои шахси ёдшаванда нест, барои ҷамъият, барои имрӯзиҳо аст, барои он ки донӣ, ҳеч кору суханат хоҳ нек бошад, хоҳ бад фаромӯш намешавад.
Халқи мо бисёр ёди неконро мекарда бошад: дар хона не, дар иҷтимоъ? Намедонам. Ҳаминро медонам, ки дар аврупоиҳо ному шахсиятҳо зиёд зикр мешавад, аммо мо мардуми тамаддуни мусулимонӣ дар ин бобат қиссаҳои хаёлӣ, анбаёву авлиё ва афсонаву ривоятро бартарӣ медиҳем. Гӯё шахсиятҳои хосаву нек дар таърихи худ камтар дошта бошем ва ё аз ин ҳам бадтар.
Пас хотираро ба гузашта пайвастан, номҳои неки он замонро бо худ доштан, бо худ овардан, бо худ ба насли нав расондан ҳам аз вазифаҳое ба ҳисоб мераванд, ки ба души фарзандони эҷодкори ҳар насл меафтад. Ҳеч шарт нест, ки ҳар каси нек кӯҳ-кӯҳ комёбӣ, ҳаррӯза некӣ карда бошад. Андак кори нек низ беаҳамият нест. Охир, рост мегӯянд, ки “ташнаро як қатра об аз ганҷи дарё беҳтар аст.”
Имрӯз дар бораи Отахон Латифӣ сухан мегӯем, ки агар зинда мебуданд, 90-сола мешуданд. Чӣ кор кардаанд? Зоҳиран ҳеч кори аз дигарон зиёдтар не. Маълумоти олӣ гирифта, тамоми умр аз рӯи ихтисос қатори куп меҳнат кардаанд, ба вазифаву виҷдони худ - покизагӣ устувор мондаанд, аз гуфтани ҳақиқат даст накашидаанд, дидаву дониста ҳақи касеро нахӯрдаанд, касеро таҳқир накардаанд, Ватанро нафурӯхтаанд, обруро нахаридаанд. Тамом, вассалом. Ҳамин кифоя буд, он касро эҳтиром намоянд, суроғашон кунанд дар мушкилтарин ҳолатҳо умед аз дастгириашон дошта бошанд.
Журналисти машҳур буданд. Ба ҳадде, ки дар охири замони шӯравӣ аввали давраи истиқлолиятхоҳиҳо, вақте ки нашрияҳо хонанда гум мекарданду баста мешуданд, чанд нашрия якбора Латифиро мухбири худ дар Осиёи Миёна таъйин намуданд. Як хислати Латифӣ он будааст, ки ба забони модарӣ не, ба забони давлатии Шӯравӣ - русӣ менавиштанд. Ва боз чунон навиштане. Ман як ситоишро ба гӯши худ шунидаам. Соли 1974 тақризе навишта ба редаксияи маҷаллаи “Журналист”, ки дар Москва чоп мешуд, бурдам ва узр хостам, ки русиам равон нест. Корманд гуфт: “Ну что, если вы хотите подражать Отахону, не каждый русский может писать как он”. Дар китоби Е.М. Примаков хондаам, ки на ҳар журналисти шӯравӣ мисли Латифӣ навишта метавонад.
Отахон Латифӣ мисли Мариэта Шагинян, Фарид Сайфулмулуков, Чингиз Айтматов, Мирзо Ибрагимбеков, Анвар Олимҷонов русӣ менавишт. Ба забони дигар навишта, воқеаи миллиро ба дигарон ошно кардан дар назари ман меҳнати пурбор аст.
Хуб аст ё бад, Сино “Ал-Қонун”-ро арабӣ навиштааст, Мавлоно пораҳои калони “Маснавии маънави”-ро бо оятҳову ривоятҳои арабӣ сохтааст. Амирони турку муғул ва адибони онҳо рисолаву девонҳои форсӣ доранд, то аксарият фаҳманд, чӣ гуфтанду чӣ мехоҳанд. Дар замони шӯравӣ барои фаҳми 6 миллион тоҷик не, 250 миллион мардуми шӯравӣ гуфтани шодиву нокомии тоҷикону тоҷикистониҳо беҳтар буд, то моро дигарон ҳам шиносанд. Бузургии Айниву Турсунзодаро, аз ҷумла тарҷумаи русии эҷоди онҳо нишон дод. Латифӣ дарди дили худро бо ҳамин шева изҳор медошт. Латифӣ, ки яке аз поягузорони Эстафетаи коргарӣ дар бунёди НБО-и Норак буд, оё он меҳнати муҳимро ба забони тоҷикӣ анҷом дода метавонист, албатта, не. Барои дарки воқеии сохтмони “Норак” ва нақши ин иншоот дар сарнавишти тоҷикон навиштаҳои Латифиро китоб карда хондан лозим аст.
Дар Тоҷикстон русинависон кам набуданд: Масъуд Муллоҷонов, Ғ. Қаландаров, Н. Очилов, Н. Табаров, Н. Асадуллоев, Ҳ. Юсуфов, У. Бобохонов, Т. Қиличев, М. Сайфиддинов, М. Тоштемиров. Аммо ба андешаи ман беҳтарини онҳо Латифӣ буд, Латифӣ якто буд.
Латифӣ мактаби миёнаро 13 сол хондааст. Аввал се синфи тоҷикӣ, сипас, боз аз синфи якум дар мактаби русӣ. Ва мактаби русиро хатм кардааст. Синфи даҳум мехонд ва ҷавони 20-сола буд, ки аҳли деҳаро аз омадани сел огоҳ ва фоҷеаро пешгирӣ кард. Аҳамияти ин қаҳрамонӣ ба ҳадде буд, ки ӯро ба сафи Ҳизби коммунист қабул карданд. Вай ягона мактаббачаи замони шӯравӣ аст, ки ба сафи ҳизб дохил шудааст. Сарфи назар аз ҳар гапе, ки мегӯянд, медонам, ки дар қалб Латифӣ ҳамеша коммунист буд. Роҳи зиндагии ӯро, ки аз шоҳроҳи “Комсомолская правда” ва “Правда” мегузашт, дигар карда намешавад.
Отахон Латифӣ хатмкардаи факулети журналистикаи Университети давлатии Ленинград буда ва касбашро ниҳоят дӯст медошт. Ӯ бо донишҷӯёни ҷавони шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) робитаи қавӣ дошт, дар иди касбии мо иштирок кардаву дар бораи курси мо дар рӯзнома мақолае ҳам нашр намудааст. Ҳамчун публисист О. Латифӣ мақолаҳои ниҳоят ҷиддӣ дар бораи мактабу маориф, маданияту анъанаи миллии мо, дар хусуси кишваршиносӣ, обёрии Данғара, Ёвон, Шаҳритус, сохтмони НБО-и “Норак” ва комплекси агросаноатии Тоҷикистони ҷанубӣ, Комбинати алюминийи Турсунзода дар “Правда” ва “Комсомолская Правда” чоп намудааст. Барои дарки он, ки ин рӯзномаҳо чӣ доштанд, ҳамин қадар гуфтаниам, ки харидори “Комсомолская правда” аз тиражи расмиаш ду баробар зиёд буд. Латифӣ дар рӯзномаи тоҷикии “Комсомоли Тоҷикистон” низ кор кардааст. Дар ин ҷо барои тоҷикӣ шудани навиштаҳояш Н. Табаров ва Б. Муртазоев ёрӣ расондаанд.
Аз публисистикаи Латифӣ бисёр чизро омӯхтан мумкин. Пеш аз ҳама интихоби мавзуъ, проблемагузорӣ, ҳақиқатнависӣ, нотарсӣ ва ғайра. Аз ин сабаб, ӯро эҳтиром мекарданд ё шояд соҳибмансабон аз ӯ меандешиданд.
Дар мақоми ҳукумат низ Латифӣ аз муҳити журналистика канда набуд. Соли 1990 вақте “Қонуни забон” қабул шуд, ман аз Латифӣ илтимос кардам барои ташкили шуъбаи коргузорӣ дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон иҷозат гирад. Зеро забони мо давлатӣ шуд, акнун бояд дар коргузорӣ аз истилоҳоти расмии тоҷикӣ истифода барем. Пешниҳод маъқулаш шуд ва дар зарфи як ҳафта қарори ҳукуматро дар ин маврид омода кард. Чизи дигар, вақте ки Латифӣ Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд, ба ману Маҳмудҷон Шаҳобиддинов лоиҳаи ҳанӯз қабулнашудаи Қонун дар бораи ВАО-и Украинаро дод, то дар пайравии он лоиҳаи худиро тайёр кунем. Дар хонаи Мирзоҳаёт Давлатов, котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мо он лоиҳаро тайёр кардем, баъд комиссияи хоса онро ба истифода омода намуд.
Публисистикаи О. Латифӣ имкон медиҳад як масъаларо дар ду сухан гӯем. Публистистика чунин соҳаи эҷод аст, ки ҳақиқати зиндагиро бе ҳеч гуна иловаю изофа ва тағйир дар ҳамон шабу рӯзи ба вуқуъ омадан инъикос мекунаду гӯё мегӯяд: “ана шумо ҳам ибрат гиред”. Баъди солҳо низ ҳамчун таърихи воқеӣ аҳамияташро нигоҳ медорад. Аммо адабиёт ҳамеша бардошти зиндагӣ асту ҳамин хел мемонад ё дар шакли китоб ё аз забон ба забон гузашта. Ин чанд унвони навиштаҳои публисистии Латифӣ имрӯз саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони солҳои ҳафтоду ҳаштодуманд: “Бар қасди тарма”, “Сарбандро об бурд”, “Шарора”, “Дар назди кӯҳҳои сарбаланд”, “Набзи замин”, “Бозгашти суруди шоир”, “Сурнайнавозҳо киҳоянд?”, “Ӯротеппа” ва амсоли инҳо. Ҷояш омад зикр кардан мехоҳам, ки Латифӣ ба масъалаи таблиғи санъати миллиамон диққати хоса медод. Очерки таърихии вай “Шашмақом” аз зумраи ҳамин навъ эҷоди соф миллию маданиятдӯстонааш аст. Ва ё замоне, ки дар толори консертии Институти санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода “Органная музыка”-ро ба роҳ андохтанд ва Дилбар Валламатзода консерте дод, Латифӣ дар “Правда” “Бозгашти арғунун ба Тоҷикистон” ном маводе чоп кард, ки сар то по пур аз эҳсоси миллӣ ва ифтихор буд.
Як воқеияти марбут ба публисистикаро дар иртибот ба мавзуъ ба ёд меорам. Жанрҳои публисистика имконият медиҳанд, ки дар бораи қаҳрамонии одии инсонӣ - одаму одамгарӣ ва меҳнатдӯстӣ бе валвалаю одӣ нақл шавад, ибрат сохта шавад. Ана, ҳамин чиз буд, ки қаблан саҳифаҳои ВАО пур аз қиссаи одамони ҳамзамону ҳампаҳлуямон буд. Ман барои хотира силсилаи Абдулҳамид Самадов дар “Тоҷикистони советӣ” - “Сад сатр аз одаму одамгарӣ”-ро ёд мекунам. Мутаасифона, имрӯз ҳамин мавзуъ хеле камнамо шудааст, гӯё ҷомеаи мо дигар муаллим, духтур, коргар, кишоварзи арзандаи ситоиш, ду калимаи нағзро надошта бошад. Аммо ҳар сол даҳҳо китоби ҷашнии одамони шиносу ношинос бо ситоишу гузориши корҳои кардаю нокардаашон дар қолаби публисистика чоп мешаванд, ки аксарияти муаллифонашон шояд бори аввал қалам ба даст гирифта бошанд. Чунин навиштаҳо дар бисёр ҳолат сари ҳамкасбони мо - публисистонро хам мекунанд, онҳоро ба шубҳаҳо мебаранд. Ҳол он, ки Латифиву ҳамкору ҳамкасбонаш амали худро чӣ андоза поку беолоиш нигоҳ медоштанд.
Отахон Латифӣ на танҳо журналист-публисист, балки ҳамчунон нависанда, киносенарист ҳам буд. Ҳам худаш мустақилона ва ҳам ҳамроҳи нависанда Абдурофеъ чанд қиссаву ҳикоя ва киносенария таълиф намудааст, ки ман “Соҳиби асп”-ро таъкид кардан мехоҳам. Як новеллаи ниҳоят дилкашу зебоест. Латифӣ ҳамчун киносенарист барои филмҳои мустанад, ки дигаргуниҳои бузурги Тоҷикистони солҳои ҳафтодуму ҳаштодум, замони сохтмонҳои бузурги тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва қаҳрамонҳои онҳоро шинос мекунанд, қисса мекунанд. Бояд гуфт, ки насли имрӯзаи кино ва телевизионсозони мо ҳанӯз ба таври ҳунариву илмӣ истифода бурдани ин наворҳои таърихиро асоси амали худ қарор надодаанд, вагарна навиштаҳои Латифӣ ҳам чун эҷоди муаллифони дигари филми мустанад, аз назарҳо дур намеафтоданд.
Воқеаҳои аввали солҳои навад публисист Отахон Латифиро ба сиёсат кашиданд. Тавре маълум аст, аз аввалин боре, ки Иҷлосияи Шурои Олии Тоҷикистон 26-уми ноябри соли 1992 Рӯзи сулҳ ва Ваҳдати миллиро эълон кард, Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми мақсаду мароми давлатро ба ҳамин масъалаи ҳаёту мамоти тоҷикон равона намуд. Аз ҷумла бо супориши Сарвари давлат моҳи марти соли 1993 ҳайъати Шурои Олии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини раиси Шуро Қозидавлат Қоимдодов барои суроғи сулҳ ба Москав рафт. Яке аз аввалин мулоқоти ин ҳайъат бо Отахон Латифӣ, роҳбари Шурои координатсионии неруҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ баргузор гардид. Тобистони соли 1993 бошад О. Латифӣ ва ҳамфикронашро намояндагони кишвари ҳамзабон ҶИЭ ва намояндаи Ҳукумати Русия Е. Примаков ба сулҳ таблиғ карданд. Аввалин Изҳороти онҳо 8-уми декабри соли 1993 бо имзои се нафар, аз ҷумла Латифӣ чоп шуд, ки зарурати музокироти сулҳро таъкид намудаанд. Отахон Латифӣ мақоми муовини раиси Ҳайъати музокиротро дошта бошад ҳам, аслан дар ду давраи музокирот (апрел ва июни соли 1994) роҳбари Ҳайъати мухолифин буд. Дар мулоқотҳои моҳҳои октябр ва декабри соли 1996 роҳбари гурӯҳи кории мухолифин буд. Бисёр шудааст, ки ба сабаби принсипнокиаш ва сулҳхоҳиаш дар муқобили роҳбари ҳайъаташон қарор гирифтааст. Дар Комиссияи оштии миллӣ О. Латифӣ роҳбари зеркомиссияи ҳуқуқ буд ва дар тайёр кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, қабули қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ нақши барҷаста дошт. Як чизро таъкид кардан мехоҳам, ки ӯ низ мисли аъзои ҳайъати ҳукумат тарафдори дар Конститутсия сабтшудани вожаи давлати дунявӣ буд.
Ёдбудҳое, ки иттиҳодияҳои эҷодӣ баргузор мекунанд, имконият медиҳанд, ки насли нав аз киву чикора будани бародарону хоҳарони калонсолтари худ, умеду орзуи татбиқшуда ё нимамондаи онҳо, аз ҳавою ҳавасе, ки онҳо доштанд, аз натиҷаҳои тухме, ки онҳо коштанд, бохабар мекунанд. Ман имрӯз аз бузургтарин публисисти русизабони ватанам Отахон Латифӣ ёд карда, номи ҳамасрону ҳамқадамону ҳамкасбони ӯ Муъмин Қаноат, Юсуф Акобиров, Муқаррама Камолова, Маҳмуд Воҳидов ва ҳамсабақони онҳо, Вафо Назарову Сабзалӣ Шарифов, Марат Орифову Малика Собирова, Дилбар Қосимова, Ғоиб Сафарзодаву Нурмуҳаммад Табаров, Маҳкам Ҳоҷиқулову Устову Масто ва бисёр дигаронро ба ёд меорам. Гумон намекунам, ки дар бораи фарҳангу ҳунару адабиёт ва санъати баркамоли тоҷик, журналистика ва публисистикаи зиндагисози мо, имрӯзи мо сухан гуфтан бе ин гуна номҳо ҷоиз бошад. Таърих моем, рӯзгору орзуҳои зиндагии мо саҳифаҳои он аст... Ҳеч чизи дигаре на дар ин ҷову на дар ҷои дигар нест”.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”