Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Душанбе «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мегардад
Бинобар иттилои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 4-уми апрели соли равон дар муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад.
Иттилоъ дода мешавад, ки чорабинӣ аз соати 15:00 то 22:00 идома ёфта, силсилаи чорабиниҳои ҷолиби фарҳангӣ ва фароғатиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, баргузории шоу-консерти идона бо иштироки сарояндагони маъруфи ватанӣ ва ҳунармандони хориҷӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва хӯришҳои гуногун, шириниҳо ва нӯшокиҳои ташнашикан пешбинӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии баргузории чорабинии мазкур фароҳам овардани фазои идона ва шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт, меҳмонон ва сайёҳон, инчунин, муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муосири фарҳангӣ ва дорои имконияти васеи сайёҳӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”