Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Идомаи ҳамлаҳои Покистон бар Афғонистон. Карзай: “Исломобод душманиҳоро канор гузорад”
Пас аз ҳамлаҳои нави Покистон ба вилоятҳои Кобул, Қандаҳор, Пактико ва Пактиё, Ҳомид Карзай, президенти собиқи Афғонистон аз Исломобод хостааст, ки душманиҳоро канор гузорад.
Карзай рӯзи ҷумъа, 13-уми март дар саҳифаи худ дар “Икс” ҳамлаҳои ҳавоии Покистонро маҳкум кардааст.
Ӯ афзудааст, ки амалҳои Покистон нақзи шадиди принсипҳои ҳамсоягӣ ва қонунҳои байналмилалӣ мебошанд.
Гурӯҳи террористии Толибон субҳи ҷумъа аз мавҷи нави ҳамлаҳои ҳавоии Покистон хабар доданд.
Ин гурӯҳ гуфтааст, ки чор нафар, аз ҷумла кӯдакон ва занон дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба Кобул кушта шудаанд.
Толибон, инчунин, таъкид кардаанд, ки ҳавопаймоҳои Покистон макони нигаҳдории сӯзишвории ширкати хусусии “Ком-Эйр”-ро дар Қандаҳор ҳадаф қарор додаанд.
Даргирӣ миёни Покистон ва Толибон беш аз 14 рӯз идома дошта, Созмони Милали Муттаҳид аз талафоти шаҳрвандон изҳори нигаронӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”