Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Барои пешгирии болоравии нархи маводи озуқа намоиш-фурӯши маҳсулот доир мешавад
Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 14-ум то 20-уми март дар чор ноҳияи пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал доир мегардад.
Тавре ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ин намоишҳо бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин, пешгирии болоравии нархи маводи озуқа гузаронида мешаванд.
Иттилоъ дода мешавад, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозорҳои «Саховат», «Меҳргон», таваққуфгоҳи назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино ва дар назди боғи «Куруши Кабир» ташкил карда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки дар намоишҳо гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, карам, мева, тухм, биринҷ, равған, маҳсулоти ширӣ ва дигар маҳсулот бо нархҳои дастрас пешниҳод мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад