Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Аз саратон ранҷ мекашид”. Сарояндаи хушноми Эрон Ҳамид Ҳирод даргузашт
12-уми март сарояндаи хушноми Эрон Ҳамид Ҳирод дар 34-солагӣ дар Теҳрон аз олам даргузашт.
Тибқи иттилои дастрас, Ҳамид Ҳирод шаш соли охир аз саратони хун ранҷ мекашид.
Ҳанӯз соли 2019 расонаҳо аз гирифтор шуданаш ба саратони хун хабар дода буданд ва чанде баъд худаш ин хабарро тасдиқ карда буд.
Гуфта мешавад, ки бо сабаби нооромӣ дар Эрон маросими вилоъ бо сарояндаи маъруф Ҳомид Ҳирод баъдтар доир мегардад.
Ҳомид Ҳирод ҳанӯз аз 6-солагӣ ба мусиқӣ ва шеър шавқ пайдо карда буд. Соли 2016 расман ба фаъолияти сарояндагӣ пардохт ва зуд миёни ҳаводорони мусиқӣ шинохта гардид.
Бояд гуфт, ки Ҳамид Ҳирод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мухлиси зиёд дошт ва мардуми мо таронаҳояшро хуш мепазируфтанд. 25-26-уми сентябр соли 2021 дар Фестивали тобистона Dushanbe Summer Fest баромад карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”