Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Мунтахаби Эрон аз Ҷоми ҷаҳон-2026 даст кашид
Вазири варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Дунёмолӣ дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон эълон кард, ки мунтахаб футболи кишвараш дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок намекунад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳон-2026 тобистони соли ҷорӣ дар Амрико, Канада ва Мексика доир мегардад ва Эрон аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки ба мусобиқаи мазкур роҳхат гирифт.
Аҳмад Дунёмолӣ иброз доштааст, ки мунтахаби Эрон бояд марҳилаи гурӯҳии мусобиқаро дар Амрико паси сар кунад, аммо ин кишвар чанд рӯз пеш раҳбари олии Эронро кушт. Аз ин рӯ, наметавонанд шароити иштирок дар Ҷоми ҷаҳонро таъмин кунанд.
“Бачаҳои мо он ҷо худро дар амн эҳсос нахоҳанд кард. Давоми ҳашт ё нӯҳ моҳи охир ба мо ду маротиба ҷанг карданд ва чанд ҳазор кас куштаву шаҳид гардиданд”, - афзудааст Аҳмад Дунёмолӣ.
Дар ин росто, президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар Инстаграм навишт, ки бо президенти ИМА Доналд Трамп вохӯрӣ карда, масъалаи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 ва вазъият Эронро баррасӣ кардааст. Ҷанни Инфантино афзудааст, ки Доналд Трамп дар мавриди таъмини амнияти мунтахаби Эрон дар мусобиқаи мазкур сухан карда, гуфтааст, ки дар ин масъала мушкиле нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”