Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ду кас барои нашри наворҳои ғайриахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир шуданд
Мақомоти интизомӣ аз боздошти ду кас хабар дод, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам наворҳои ғайриахлоқӣ ва тарғибкунандаи фаҳшро паҳн мекарданд.
Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, зимни санҷиш муайян гардид, ки шаҳрванд Сафарова Шаҳноза ва ноболиғ Ҷумъабоева Ҳ. дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифаи худро таъсис дода, мунтазам тавассути пахши мустақим нимбараҳна ва бо истифодаи алфози қабеҳ баромад намуда, рафторҳои ғайриахлоқӣ анҷом медодаанд.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон маводи зарурӣ тартиб дода шуда, бо қарори дахлдори суд ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир мақомоти интизомии кишвар корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барои нашри наворҳои ғайриахлоқӣ зиёд дастгиру ҷаримаву ҳабс мекунад, вале шумораи чунин афрод рӯ ба афзоиш аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”