Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
114-солагии матбуоти тоҷик қайд гардид
11-уми март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба 114-солагии матбуоти тоҷик ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур чанде фаъолони соҳа бо нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин, як қатор собиқадорони соҳа ва журналистони фаъол барои хизматҳои шоиста дар рушди матбуоти тоҷик аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ чанде аз журналистонро бо ҷоизаҳо қадрдонӣ кард.
Инчунин, ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Асадулло Саъдуллоев, Воҳид Асрорӣ ҳам супурда шуданд. Ҳамин тавр, ба ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ сармуҳаррири рӯзномаи “Анбоз” Робия Холмирзоева, узви ИЖТ Ҷумахон Файзализода, хабарнигори нашрияи “Ҳақиқати Суғд” Мухтор Абдуллоев, рӯзноманигори мустақил аз шаҳри Ваҳдат Амрулло Забиров, сармуҳаррири нашрияи “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент Луқмонҷон Қурбонов ва хабарнигори нашрияи “Хатлон” Алишери Абдумаҷид сарфароз гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”