Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ барои се давр маҳрум шуданд
Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, довари марказӣ ва ёвари аввали довари бозии даври якуми Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои «Парвоз» ва «Истаравшан» (2:2) аз ҳакамӣ маҳрум карда шуданд.
Манбаъ меафзояд, ки 11-уми март Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи онлайнӣ баргузор кард, ки дар он шикояти дастаи «Истаравшан» бобати голе, ки дар дақиқаи 90+3-и бозӣ дастаи «Парвоз» ба дарвозаи онҳо зад, баррасӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки пас аз таҳлили наворҳо Кумитаи доварони ФФТ ба хулосае омад, ки довари марказӣ Наврӯз Воҳидов дар дақиқаи 90+3 иштибоҳан голро ҳисоб кардааст. Ин хато дар ниҳоят ба ҷараёни бозӣ таъсир расонд ва рақобат бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
Дар ин росто, Кумитаи доварони ФФТ тасмим гирифт, ки довари марказии бозии «Истаравшан» ва «Парвоз» Наврӯз Воҳидовро бо ёвари якумаш Фаридун Маҳмадиев аз доварии бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон барои се давр маҳрум кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”