Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Таҳлилгари амрикоӣ: Ҳамлаи Амрико ба Эрон аз ҷиҳатҳои гуногун иштибоҳ аст
Курк Дорсей, таҳлилгари масоили байналмилалӣ ва устоди Донишгоҳи Ню Ҳемпшайеи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар гуфтугӯ бо расонаи эронии “ИРНА” гуфтааст:
“Қарори Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳида барои оғози ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон аз ҷиҳатҳои гуногун “иштибоҳ” аст, зеро ҳеч шаҳодат ва далеле дар ҳукумати ӯ вуҷуд надошт, ки нишон диҳад Эрон мехост ба қувваҳои амрикоӣ ва ҳампаймонони мо дар минтақа ҳамла кунад.
Трамп равшан эълон кардааст, ки ба қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ аҳамият намедиҳад: ӯ инро дар ҳамла ба киштиҳо дар Амрикои Ҷанубӣ, ки ба таҳвили маводи мухаддир ба Амрико айбдор мешуданд, нишон дод.
Бисёре аз амрикоиҳо, ки дар ҳар номзадии Трамп ба президенти ҷумҳурӣ аз ӯ ҳимоят карда буданд, ҳоло хашмгинанд, зеро фикр мекарданд, ки ӯ ба ҷои оғози ҷангҳо, аз онҳо ҷилавгирӣ хоҳад кард.
Дар мавриди хароб кардани мактабҳо ва дигар ҳадафҳо, ман ҳанӯз намедонам, ки кадом ҳадафҳо бо мақсади махсус ҳамла шудаанд: ҳарчанд дар ҷанг баъзе инфрасохторҳо ҳадафи қонунист, аммо мактабҳо ва бемористонҳо (ва инфрасохторҳои истиқоматӣ ва ғайриннизомӣ) набояд ҳадаф қарор гиранд. Аз ин рӯ, яке аз сабабҳои истифодаи ҷанг ҳамчун варианти охирин ҳамин аст, ки мактабҳо ва бемористонҳо хароб мешаванд, ҳатто агар ҳадаф гирифта нашаванд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад