Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пизишкиён: Ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои Амрико дар чаҳорчӯби ҳаққи дифои қонунӣ аст
Раиси ҷумҳури Эрон дар гуфтугӯ бо нахуствазири Покистон гуфт: “Ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои Амрико дар чаҳорчӯби ҳаққи дифои қонунӣ аст”.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар як гуфтугӯи телефонӣ перомуни охирин таҳаввулоти минтақавӣ ва равобити дуҷониба ба табодули назар пардохтанд.
Пизишкиён дар ин суҳбат бо ишора ба таҳаввулоти ахир чунин гуфт: “Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоле, ки бо азми ҷиддӣ дар миёни музокирот барои ҳаллу фасли масоил буд, барои бори дувум мавриди таҷовузи низомии Амрико ва режими саҳюнистӣ қарор гирифт: таҷовузи ҷинояткорона, ки мунҷар ба шаҳодати ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва теъдоде аз ҳамватанони бегуноҳ, аз ҷумла донишомӯзон шуд”.
Пизишкиён афзуд: “Мутаассифона, мутаҷовизон бо сӯистифода аз ҳарими кишварҳои ҳамсоя иқдом ба ҳамла ба таъсисоти зербиноӣ, амокини умумӣ, бемористонҳо ва мадорис карданд, ки танҳо дар як маврид, дар пайи ҳамлаи дандонашиканона ба мактабе дар Миноб, 168 донишомӯзи маъсум ба хок ва хун кашида шуданд”.
Пизишкиён бо таъкид бар роҳбурди дифоии Эрон хотирнишон кард: “Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеч қасде барои ҳадаф қарор додан ё даргирӣ бо кишварҳои минтақа надорад ва танҳо пойгоҳҳое, ки аз мабдаи онҳо ба хоки мо ҳамла мешавад, дар чаҳорчӯби ҳаққи дифои қонунӣ ҳадаф қарор хоҳанд гирифт”.
Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин, ҳушдор дод: “Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба омилони аслии вуқуи ин ҷанги таҳмилӣ ва таҷовузи низомӣ алайҳи Эрон таваҷҷуҳ ва расидагӣ накунанд, шароити ҳоким бар назму амнияти ҷаҳонӣ ошуфта ва мутазалзил хоҳад шуд”.
Пизишкиён дар идома аз мавзеи Эрон, мардум ва шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии Покистон дар эъломи ҳамбастагӣ бо Эрон ва маҳкумияти таҷовузи низомии Амрико ва Исроил қадрдонӣ кард.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, зимни табрики мутақобили моҳи мубораки Рамазон ба давлат ва мардуми Эрон, изҳори умедворӣ кард, ки ба баракати ин моҳи бофазилат давлатҳо ва миллатҳои мусалмон дар сулҳ ва оромиш ба сар баранд.
Нахуствазири Покистон бо таъкиди дубора бар мавқеи усулии кишвараш дар маҳкумияти таҷовузи Амрико ва Исроил ба Эрон, маротиби ҳамбастагии амиқи давлат ва мардуми Покистонро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт.
Шаҳбоз Шариф ҳамчунин, бо таслияти шаҳодати раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, интихоби Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Хоманаӣ ба унвони раҳбари ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эронро ба раисиҷумҳур, давлат ва миллати Эрон табрик гуфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”