Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Ҳушдори Чин ба Амрико: дар умури дохилии Эрон дахолат накунед
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин дар вокуниш ба изҳороти раиси ҷумҳури Амрико таъкид кард, ки ҳеч кишваре набояд дар умури дохилии Эрон дахолат кунад.
Го Сзякун дар нишасти хабарии имрӯз (сешанбе) гуфт: “Интихоби раҳбари ҷадиди Эрон тасмимест, ки Теҳрон бар асоси Қонуни асосии худ иҷро кардааст ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳо яке аз принсипҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ аст”.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин ҳамчунин, бо ибрози нигаронӣ аз афзоиши танишҳо дар Осиёи Ғарбӣ таъкид кард, ки ҳамаи тарафҳо бояд фавран амалиёти низомиро мутаваққиф кунанд, то аз ташдиди буҳрон ва густариши беэътидолӣ дар минтақа ҷилавгирӣ шавад.
Ба гуфтаи Го, Пекин дар рӯзҳои ахир талошҳои дипломатии худро барои коҳиши танишҳо афзоиш додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад